Касе, ки барои Ватан хиёнат мекунад бахшида намашешвад

Дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта бо пошхурии давлати Шуравӣ марҳилаи нави таърихӣ дар ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Орзу ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик дар ҳамаи марҳилаҳои таърихӣ бо талошу ҷонисориҳои фарзандони бонангу номуси худ баҳри озод намудани сарзамини аҷдодӣ аз аҷнабиён ва расидан ба истиқлолияти комил мекушиданд, амалӣ гардид.

Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмати таърих ба халқи тоҷик аст. Онро метавон ду боли як иқбол номид. Зеро Истиқлолият ба мо озоди оварда бошад, Ваҳдати миллӣ барои гузоштани қадамҳои устувор дар таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон имкониятҳои навро ба вуҷуд овард. Мутаассифона дар ин давраи таърихии барои давлату миллати тоҷик тақдирсоз қувваҳои бадхоҳи миллат, душманони дохилӣ ва хориҷӣ бо истифода аз бозиҳои сиёсӣ, барангехтани низоъҳои сиёсии дохилӣ кишвари тозаистиқлоли моро ба майдони муқовимати шадиди сиёсӣ кашанд, ки оқибат боиси оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардад.

Мардуми соҳибдавлату фарҳангии тоҷик тавонист бо кушиш ва ҷонисориҳои беназири фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бӯҳрони сиёсӣ роҳоӣ ёбанд ва имрӯз дар фазои сулҳу субот дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, махсусан дар тадбиқи ҳадафҳои олии рушди стратегии кишвар камари ҳиммат мебанданд.

Аммо муттаассифона хоинони миллат,ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ ва бесомониҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон буданд, баъди сулҳу салоҳ ва ором гардидани кишварамон низ хиёнат, ҷаҳолат ва амалҳои манфури пасипардагии худро идома дода истодаанд. Имрузҳо дар тамоми шабакалҳои телевизиони кишвар пахш гардидани филми “Хиёнат”, бароимо бори дигар аз хиёнатҳои нобахшиданииМуҳиддин Кабирӣ, генерали хоин Назарзода ва хешону думравони онҳо ёдовар гардонид. Дар филми мазкур, ки таърихи начандон дури хиёнаткориҳо ва нопокиҳои ҳизби мамнӯи террористӣ, ҲНИ ва роҳбари кӯрнамаки он Кабирӣ ва думравону нохалафоне, ки имрӯз ватангадо ҳастанд кушоду равшан дар асоси далелҳои қотеъ, аз суханони шоҳидони амалҳои террористии соли 2015 бо сарварии генерали хоин Назарзода намоиш дода шуда, маҳкум гардид. Муҳиддин Кабирӣ нафақат ба давлату миллат, балки ба шарикони ҷинояти худ хиёнат карда, ба хориҷи кишвар фирор кардааст, ки ин ҳолатро низ шоҳидони ҳол ошкоро нақл намуданд. Зеро бузургони илму адаб беҳуда баён накардааст, ки “Бори каҷ ба манзил намерасад”.Зеро амалҳои ҲНИ низ аз бори каҷ фарқияте надорад, барои он амалҳои онҳо низ барои мақсадҳои бад равона гардидааст. Аммоҳеч кас барои ноил шудан ба зиндагии шоистаи мардум монеъа шуда наметавонад. Зеро инро Қуръону Қонун нишон додааст.

Баъди намоиши филми “Хиёнат” умед дорем халқи шарифи тоҷик хулосаи анқи худро мегӯяд, менависанд ва ба насли оянда рӯйхати хоинони ватанро ҳамчун мероси нафратовар мегузоранд. Кишвариазизамон Тоҷикистон неъмати худододу муъҷизаи табиат ва биҳишти рӯи замин аст, ки мо бояд шукрони ҳар қатра обу ҳар пора заминаш кунем

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ