Гўё, ки ғамхори ватану миллатанд!

Имрӯзҳо дар хориҷи кишвар иддае аз фарзандони хиёнатпешаву гумроҳи миллат бо роҳбариву роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ бо сарвари Раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо амалиётҳои ғайриддини машғул гардида барои миллату давлати худ амалҳои ношоистаро анҷом дода истодааст. Ин тоифа гумроҳон, ки қаблан бо сӯйистифода аз номи дини мубини ислом бо иғвоангезӣ мардумро ба қатлу куштор ва зидди ҳокимияти амалкунанда бармехезониданд имрӯзҳо низ кӯшиши бо номи демократ содир намудани аъмоли зишти хешро намуда истодаанд.

Мардуми Тоҷикистон аз амалҳои разилонаву манфур ва зиддимиллии ин қабил афрод ҳанӯз аз замонҳои ҷанги шаҳрвандӣ бахуби огаҳӣ доранд. Мо медонем, ки ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби Наҳзати Ислом маҳз бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ ҳамагуна арзишҳои миллиро паси по зада, роҳбарони он чӣ гуна барои рехтани хуни ноҳақи мусалмонон фатво содир менамоянд. Мисоли равшани гуфтаҳои дар боло зикргардидаро мо дар тамошои филми “Хиёнат” ва “Бешарафӣ” зикр карда метавонем.

Агар аз нигоҳи таҳлил назар афканем мушоҳида мешавад, ки паймон бастан аслан бо гуруҳе ё созмоне анҷом хоҳад дод. Зеро дар солҳои мушкилтарини Ҷанги шаҳрвандӣ миллати тоҷик тавонист. рузҳои сангини зиндагиро паси сар намояд. Дар асл ватанфурўшиву хиёнаткорӣ ва амалҳои пасипардагии ин гурўҳи экстремистиву террористӣ боз ҳам ба мардум равшантар гардида, ҷинояткор будани худро ташкилотҳои экстремистиву террористии амалкунанда бори дигар исбот намуд. Зеро мақсади бадхоҳиву сангпартоиҳои ин гурўҳи нотавонбин тайи солҳо ва рўзҳои охир, бешубҳа, аён гардида истодааст, ки ҳадафи онҳо ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва зери зулм қарор додани шаҳрвандони кишвар мебошад. Мутассифона боз ҳастанд нафароне, ки пешрафт, тараққиён, шукуфои Ватанро дида натавониста барои миллати худ хоини мекунанд ва боз худро барои миллат ва давлат вафодор гӯён овоза паҳн мекунанд. Аммо аз нигоҳи дигар аз номи миллат он касе ва ё шаҳрвандоне бояд сухан гӯянд, ки дар Ватан ҳастанду барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ дода, лоақал дастовардҳои давлату миллатро ҳифз ва афзун мегардонанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои давлату миллати хеш содиқ буда онро чун гавҳараки чашм муҳофизат хоҳад кард, зеро ҳама ин тараққиёт, пешрафт, ободониву созандагӣ, амнияту бехатарӣ магар ва сулҳу суботи кишвар, хандаи кӯдакон ороми қалби модарон ва осмони тинҷу мусаффо ин ҳама аз Дуои Модарон ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ягонагӣ ва якпорчагии ҳифзи Ватани маҳбубубамон Тоҷикистон вазифаи қарзи ҳар як фарзанди фарзонаи миллат мебошад ва онро бо тамоми вуҷудаш ҳифз менамояд.

Ҳазратқулов Раҳмоналӣ – устоди ДДХ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ