Изҳорот: Найрангбозиҳои Иззат Амон ва дасисаҳои ТЭТ ҲНИ
Ҳоло дар ҷомеаи нафароне пайдо мешаванд, ки бо роҳи фиреб ҷавонон ва хусусан муҳоҷиронроба доми худ мекашанд. Чуноне, ки аз воситаҳои ахбори омма хабар дорем боз як фитнагр Иззат Амон аз ҷониби мақомоти Федератсияи Руссияи дастгир карда шуд. Мақомоти Русия шиносномаи шаҳрвандии вайро бо сабаи қаллобӣ бекор намуда, ба Тоҷикистон истирдод намуд. Тибқи иттилоъ Иззат Амон, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд. Номбурда дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт ва баъди истирдоди ӯ аз Россия дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Иззат Амон тайи даҳсолаҳост, ки шаҳрванди Русия асту бо муҳоҷирон сару кор дорад ва ба мардумфиребӣ машғул аст. Ӯ сӯйистифода аз найранг ба боварии муҳоҷирон ворид шуда бо ҳаргуна роҳҳо онҳоро фиреб дода маблағҳои зиёди онҳоро соҳиб шудааст.
Аз дастгир гардидани Иззат Амон роҳбарият ва пайравони Ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом як намуд ҳангома ташкил намуда, аз худ як нафари ҳимоятгар месозанд. Аммо ҳимоятгарии наҳзатиён аз ин шаҳрванд беасос набуду, Ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом мехоҳад бо номи Изат Амон аз давлатҳои хоириҷӣ ва ташкилотҳои баналмилалӣ маблғҳои ҳангуфт бигирад ва азони худ кунад.
Мо насли ҷавон аз фиребигариҳои шахсони тасодуфӣ дар байни муҳоҷирон хуб огоҳ ҳастем. Оид ба найрангҳои ин афрод аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар саҳифаҳои иҷтимоии худ навишта буданд. Бояд, ки ҳеҷнафаре аз зудбоварии муҳоҷирони мо истифодат накунад.
ШАҲРЗОДИ БАҲОР