​Терроризм ва экстремизми динӣ – зарба ба мафкураи ҷавонон

Пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои мустаъқили минтақаи Осиёи Марказӣ, фазои холии идеологӣ ба вуҷуд омад ва дар байни мардум бештар равияҳои гуногуни динӣ рӯ ба афзоиш ёфт. Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини асри ХХ-ХХ1 аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм (ҷудоиталабӣ), хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид.

Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард. Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён биёяд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд, ҳол он, ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм буд. Чунки танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.Барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон, ки эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсӣ васеъ гаштааст, пешгӯи намудани моҳияти ин равандҳо хеле муҳим мебошад. Вобаста ба ин ҷараёнҳои иҷтимоиву сиёсии Миср, Ироқ, Сурия, умуман Шарқи наздик, Афғонистон ва Покистон мавриди таҳлили илмӣ қарор дода шуда, ба шаҳрвандон ҳушдор дода мешавад, ки агар мо ба қадри ваҳдати миллӣ, сулҳу ризоият нарасем, аҷаб нест, ки ҳодисаҳои даҳшатбори солҳои 90 –ум боз ба сари мардуми тоҷик баргардад. Эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷомеа таҳлил намуда, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: “Сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар кадоми мову шумо ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳем, ватандӯсту ватанпарвар бошем, аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон ифтихор кунем ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиямонро эҳтиёт ва ҳифз намоем”. Барои абарқудратҳо фарқ надорад, ки дар Тоҷикистон чӣ гуна низом барқарор мешавад. Муҳим он аст, ки тоҷикон аз “худии худ”, яъне аз решаҳои таърихӣ, илмиву фарҳангии хеш дур шаванд. Тавассути филмномаҳои пур аз саҳнаҳои фаҳш, ҷабру зулм, воситаҳои электронии ахбори умум: Интернет, сайтҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо дар ҷомеамон арзишҳои барои миллати мо бегонаро паҳн намуда, ахлоқи мардум, хоса ҷавононро коста мегардонанд. Бояд эътироф кард, ки дар ин роҳ онҳо ягон чизро дареғ намедоранд. Дар ин шароит ҳифз ва пешбурди манфиати миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи худи ҳар як миллат аст. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст». Терроризм ва экстремизм дар шароити кунуни ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Таҳдиди терроризм ва экстремизм бо истифодаи яроќи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин ба объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зўроварӣ интихоб мекунанд, имрўзҳо на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте баррасӣ мегардад, ки дар маҷмўъ метавонад ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зиён оварад. Омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро, ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст. Тибқи илми этимология ибораи терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» буда он аз ҷониби ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан амалӣ карда мешавад. Ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Моджорян мегӯяд: Терроризм – ин амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои ба ҳадафҳояшон расидан равона карда мешаванд. Дар ин ҷо қайд кардан бамаврид аст, ки дар баъзе ҳолатҳо истифодаи терроризм ва ё экстремизм, барои ба даст овардани ҳокимият низ ҷой дорад. Умуман дар бораи терроризм фикру ақидаҳо мухталифанд ва аз ҷониби таҳлилгарон ва олимони ин соҳа ба таври васеъ шарҳ дода шудаанд. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан таҳдид мекунад. Дар гӯшаю канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти коршиносони муътамад дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Хамасола дар асари терроризм дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мегардад. Вақтҳои охир раванди ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад. Дар ин радиф хатарноктарин навъи дигари ҷиноят қочоқи маводи мухаддир мебошад, ки тибқи маълумоти сершумор яке аз манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин намудани амалиётҳои террористӣ гаштааст. Муборизаи қотеъ бар зидди ин падида мисли терроризм иқдомоти дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад ва ба таҳияву татбиқи консепсияи ягонаи мубориза алайҳи он ниёз дорад. Возеҳ аст, ки терроризми муосир, ки хислати оммавӣ ва фаромиллӣ касб кардааст, зимни равандҳои ҷаҳонишавӣ имконпазир гардид. Як қатор омилҳои айние вуҷуд доранд, ки бо ин равандҳо иртиботи ногусастанӣ дошта, ба сурат ва сирати амалиёти терроризми муосир таъсир мегузоранд.

Аскар Раҳимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ