Ифтихор аз хоинӣ
Мутаассифона ҷанги иттилоотие, ки соли 2015, яъне баъд аз кӯшиши нобарори гузаронидани табаддулоти давлатӣ бо роҳбарии генерал А. Назарзода ва аз ватан фирор намудани як қатор аъзоёни ТТЭ ҲНИ оғоз ёфта буд, то ҳол ҷараён дорад. Ман, имрӯз аз youtube навореро тамошо намудам, ки дар он яке аз намояндагони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин баромад намудааст. Бо баробари тамошои ин навор аз гапҳои ин шахс ба даҳшат омадам, ки магар инсон нисбати воқеаҳои солҳои 90-уми кишвар чунин ақида дошта, дар баробари ин худро ҳамчун худотарсу ватанпарвар муаррифӣ карда бошад.
Муҳаммадиқболи Садриддин дар суханрониаш оид ба ҷанги шаҳрвандӣ нутқ ироа намуда, фахр аз он дорад, ки дар солҳои ҷанги бародаркуш силоҳбадастони мухолифин қисми асосии ҷануби кишварро зери назорати худ гирифта, ба ҳокимияти марказӣ итоат намекарданд. Қисмати шарқии кишвар – вилояти Бадахшон бошад умуман аз марказ идора намешуд ва шимол – вилояти Суғд бошад нақшаҳои аз ҷумҳурӣ ҷудо шуданро дошт. Ман, аз шунидани ин суханони Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳайрат омадам, ки магар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин диёр ба воя расидааст, нисбати ин воқеаҳо фахр дошта бошад. Ман намефаҳмам, ки чӣ тавр шахс аз оне, ки қумондонҳои силоҳбадасти ҷинояткор аз ҳокимияти қонунии кишвар, ки онро мардуми шарифи Тоҷикистон дар интихоботи озод интихоб намуда буданд, саркаши намоянд, фахр карда бошад. Магар саркаши аз ҳокимияти қонунӣ ин ҷиноят ҳам дар назди қонун ва ҳам дар назди худованд нест? Чӣ тавр мо аз ҳодисаҳои нангин, ки дар ҳақиқат ба Тоҷикистон таҳдиди ба қисматҳо тақсим шудан мекард, фахр намоем? Магар ин саҳифаи доғи таърихи мо нест?
Муҳаммадиқболи Садриддин дар суханрониаш нисбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳақиқат барои пойдор гардидани сулҳ дар Тоҷикистон хизматҳои азим кардаанд, бисёр суханони беҷо ироа намудааст. Аз ҷумла ӯ иброз медорад, ки аслан Эмомалӣ Раҳмон, ки аз деҳқонон асту, директори колхоз буд, набояд ки сарвари давлат мешуд. Ман, мехостам ба Муҳаммадиқболи Садриддин савол дода бошам, ки магар худованд ҳамаи моро баробар наофаридааст?
Аз суханони Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ӯ яке аз фаъолони ҳизби мамнӯъи ҲНИ буда, дар хориҷи кишвар қарор дорад, ба хуби ҳис мешавад, ки намояндагони ин ҳизб дар сар мақсадҳои ифротӣ парварида истодаанд ва мехоҳанд дар байни ҷомеаи мо низоъ ва нотифоқиро барангезанд. Ҷомеаи Тоҷикистон бояд аз воқеаҳои нангини ҷанги шаҳрвандӣ ба хубӣ огоҳ бошанд ва нагузоранд, ки чунин ақидаҳои ифротгаро, ки барои ба миён овардани ноороми дар Тоҷикистони азизамон нигаронида шудааст, байни аҳолии мо паҳн шуда бошад.
Ҳусенов Ф. – дотсенти кафедраи таърихи умумӣ