Муҳаммадиқболи беиқбол

Дар урфият “падар чӣ гуна писар намуна” гуфтаанд. Муҳаммадиқболи Садриддин пайдост, китарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари падараш Мулло Қаландар сарчашма гирифтааст. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худ дар бораи дину оин ва суннатҳои Қуръони карим ҳарф мезанад ва мафкураи мардумро ба дини мубини ислом равона мекунад худаш ин корро ба анҷом намерасонад. Чуноне, ки мегӯянд:

Воизон чун ҷилва дар меъробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, зон кори дигар мекунанд

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис боз пурс

Тавба фармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин аз зумраи ин гуна ашхос аст, ки дар минбар дигару дар асл дигар мегӯяд. Вай чунон аз кишвару миллати худ бадарға шудааст, ки ҳатто ҷанозаи модарашро ба тариқи телефон хонд ва ҳатто ба ҷанозаи падараш наомад. Нафаре, ки тобути падару модарашро набардоштааст ва бо оилаву наздиконашмуносибати хуб надорад, чӣ гуна метавонад дар бораи адлу инсоф ҳарф занад. Ин гуна рафторҳову амалҳои вай бешуморанд ва соатҳо метавон ҳарф зад, боқи худ қазоват кунед ва хулоса бароред.

Вақте, ки Муҳаммадиқболи Садриддин тариқи сомонаҳо баромад мекунадуэътирозҳояшро нисбати роҳбарият ва Ҳукумати кишвар баён мекунад вай фикр мекунад, ки ҳама ба вай бовар мекунанд. Вале баръакс. Мо мардуми бо нангу номус ҳастем шаъну шараф, обрӯ эътибор ва одамгарӣ барои мо дар ҷои аввал меистад. Зеро муъмин бародари муъмин аст на душманивай.

Дӯстмашмор он, ки дар неъмат занад,

Лофи ёриву бародархондагӣ,

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст

Дар парешонҳоливу дармондагӣ.

Мо дӯсти он нафарон ҳастем, дар лаҳзаҳои басо душвор барои мардуми тоҷик ҳамроҳ буданду барои ободиву осоиштагии мардуми тоҷик саҳмгузор буданд.

Нест ход хоинони миллат!

Зинда бод Тоҷикистон!

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ