Андешаҳои ифротӣ хатарест ба суботи сиёсӣ

Суботу оромӣ дар раванди бунёду нигоҳдошти давлатдории миллӣ яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешавад. Дар замони муосир хавфҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, таъсири худро ба тамоми сокинони сайёра мерасонад. Имруз ҷаҳон ба як марҳилаи душвори сиёсиву низоӣ рӯ ба рӯ гардидааст ва ҳифзу ҳимояи амнияту осоиштагии давлатҳо дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Гурӯҳу созмонҳои ифротгарое ба миён омадаанд, ки хатари ҷиддиро ба тамоми давлатҳои рӯи ҷаҳон мерасонанд. Қувват ва густаришёбии ин “вабои аср” боиси аз байнравии истиқлолияти давлатҳо, ваҳдату дӯстӣ, косташавии фарҳангҳо, муносибатҳои дипломатӣ шудааст. Ҷаҳони муосир, ки дар давраи рушд ва навовариҳои илмию техникӣ қарор дорад, аз ҳар шахс зиракиву ҳушёрӣ ва дурандешиву тафаккури амиқро талаб менамояд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромаду суханрониҳояшон таъкид карда буданд, ки терроризм ва экстремизм , аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Бояд гуфт, ки низоми ҷаҳони муосир дар ҳоле қарор дорад, ки манофеи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию геополитикӣ дар ҳоли бархӯрд ва маҳви якдигар қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ ва ҷойгиршавиаш дар минтақа байни бархӯрди манофеи абарқудратҳо қарор дорад. Чунин ҷойгиршавӣ имконият дорад барои манфиатхоҳон, бахусус ҲНИ ҳамчун восита истифода шавад.

Тирамоҳи соли 2015 баъди оне, ки симои аслии роҳбари ҲНИ – Муҳиддин Кабирӣ ва тарафдоронаш ба мардуми кишвар шиносонида шуд, фаъолияти ин гурӯҳи ғаразноку дасисабоз бо қарори Суди Олии кишвар манъ карда шуд.

Баъд аз ин ҳодиса шаҳрвандони фирефташудаву гумроҳ, иштибоҳоти гузаштаи худро дарк карда, аз сафи ҳизби террористӣ берун шуданд ва тавре ки ба ҳамагон маълум саркардаҳои наҳзатӣ ба хориҷа фирор намуданд. Далели собитшуда аст, ки феълан ТЭТ ҲНИ бо зиёда аз 20 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу ташкилотҳои ифротгарову иртиҷопараст, амсоли “Ҳаракати исломии Туркистони ғарбӣ”, “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ Ҳаракати исломии Ӯзбекистон), “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ан-Нусра”, ҳамкорӣ дошта аъзои он бо амалҳои ифротию террористии худ дар амри ангезиши зиддияти фарҳангу тамаддунҳо, давлату миллатҳо ва мардуми осоишта талош меварзанд.

Ҷумҳурии Тоҷикисон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳони ҳамеша мубориза бар зидди ин падидаи номатлубро вазифаи аввалиндараҷаи хеш шуморидааст. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад ва барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат додааст. Аммо баъе ҳизбу ҳаракатҳо, амсоли ТЭТ ҲНИ ва Гурўҳи 24аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳанд ақидаҳои нопоки хешро болои мардум таҳмил намоянд. Чунин гурўҳҳои ифротӣ бо дастгириҳои "хоҷагони беруниашон" кўшиш мекунанд, ки вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии кишварро халалдору ноором созанд. Нафароне, ки ин гуна амалҳои номатлубро нисбати ҷамъият ва давлат мекунанд ё карданд, қалбу нияташон ва ботинашон моломоли кибру ғурур, нопокӣ, фисқу фуҷур ва амалҳои аҳриманӣ мебошад.

Меҳроби Ватан

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ