Мубориза ба муқобили терроризм вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўсту озодихоҳ ва сулҳпарвар

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаиҷаҳонӣ бо дигар мамлакатҳои дуру наздик робитаҳои дипломатӣ барпонамуд, ки ба густариши сиёсати хориҷӣ мусоидат кард. Дар баробари ин бо бисёр ташкилотҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ низ ҳамкорӣ оғоз намуд.

Ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҳуқуқи байналхалқӣ Тоҷикистон низ бо баромадҳои пурмўҳтавои Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмондар арсаи байналхалқӣ обрўву нуфузи ҷаҳонӣ пайдо намуда онро сол аз сол боло карда истодааст.

Имрўз, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаҳои глобалӣ зиёданд, яке аз онҳо проблемаи терроризму экстремизм мебошад, ки Тоҷикистон пайваста бо он мубориза мебарад.

Ќайд кардан бамаврид аст, ки терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш аз ҷумлаи: таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифродгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият, буда оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Ифродгароӣ ба тартиботи ҷамъият хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Дар шароити имрўза терроризм ва эктремизм ҳамчун падидаи номатлуб на танҳо ба амалиёти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он хеле ҷиддӣ ба назар мерасад. Аз ин хотир, ҳифзи шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон аз чунин гурўҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроту хатарҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўсту озодихоҳ ва сулҳпарвар мебошад.

Меҳримоҳ Ватанзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ