​Изҳорот: Нашояд ифротиёнро одамӣ хондан

Ботини фард дар зиндагӣ мебояд баҳри накӯӣ кардан ба одамият равона гардида бошад ва ин рисолат хидмати банда дар назди Офаридгор ва шукронаи мусалмон будани ӯст. Лекин, Иблис ба ин рисолати инсонӣ монеъ мешаваду бо парвариди ҳавою ҳаваси беақлона дар ботини баъзе нафарони идрокашон ноустувор онҳоро ба сӯи амалҳои нобакорона, алалхусус дасисабозию иғвоангезӣ, хоҳиши давлатдорию якравии “харона” равона менамояд. Ин тоифа нафарон бехабаранд, ки фирефтаи шайтони разил шудаанд, палидию нобакорӣ, ҳилаю фиреб ва дигар амсолҳои бадандешонаи ӯро чун ғуломи халқабаргӯш иҷро менамояду аз ин хулқи бадаъмол фахр ҳам мекунанд. Натиҷаи бадсириштии иблисони баъзе хоҷагони хориҷӣ аст, ки дар олам ҳизбу ҳаракактҳои мақсадашон нопоку ғаразашон пинҳонӣ пайдо шудаанд, ки мисоли аққоли он – ДИИШ ё худ ҳаракати “Давлати исломӣ” ва ҳамрадифи "содиқона"- аш – ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом мебошад.

Пӯшида нест ва аллакай ифшо шудааст, ки ин ҳизбу созмонҳо ва ҳаракатҳо мақсади ғасби ҳокимиятҳои қонунии кишварҳои аксарияти мардумонаш мусалмон ва бунёди давлати ягонаи ба номи “исломӣ” мебошад. Агар, ғайр аз ин мақсадҳояшон ғояҳои инсондӯстӣ ё исломпарастӣ медоштанд, чӣ ҳоҷат буд бунёди нооромӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон ? Охир ин мамлакат аллакай исломӣ асту ҳаракати “Толибон” боз чӣ мехоҳад? Мақсадаш танҳо ғасби ҳокимият асту аслан, хизмати хоҷагони маблағгузорашро иҷро карда истодааст ва саропо мутеи иблиси разил асту натавонад аз он раҳоӣ ёбад, гарчӣ хоҳад. Ҳамаи ин “дастовардҳо”-и иблиси малъун дар он зоҳир мегардад, ки нафарони ифротӣ зиёд шудаву виҷдону ҷони худ ба ӯ фурӯхтаанд. Ҳатто, баъзе аз ифротиён то ба дараҷае “болорав” шудаанд, ки ватанфурӯшу хиёнат ба Ватанро пешаи ҳаёти худ кардаанд. Метавон, чунин лаиниву манфуриро дар симою амалҳои Муҳиддин Кабириву думравони чоплусаш ба мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин, Мирзои Салимпур, Шарофиддин Гадоев, Сайид Юнуси Истаравшанӣ ва дигарони камшумори пастфитрат мушоҳида кард. Ин сиёҳдилону бадкинагон кайҳо боз симои инсонӣ гум кардаанду саркардаву ҳокими мутлақашон Иблис аст. Кирдору рафтор, гуфтору атворашон тасдиқи бевоситаи ин ҳақиқат мебошад. Аз ин лиҳоз, онони ифротиро нашояд одамӣ хонду ба онҳо муносибати одамиёна кард! Ин нафарони наҳзатии ифротгароро мебояд чун хаси нопоку ҳашароти зараровар аз таърихи умумибашарӣ дур сохту аз ҷомеаи инсонӣ берун кард!

Собиров М.С.. Дадобоев М.А.- устодони факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ