Миллати тоҷик аз хиёнаткор нафрат доранд
Мусаллам аст, ки ҳар як фарди солимфикри ҷомеаи имрӯза мехоҳад барои худ ва ҳамватанони худ ва зиёда аз он бани башар зиндагии шоиста таъмин гардад. Аз ин рӯ, сидқидилона меҳнат менамояд, мувофиқи зарфият ва донишу маҳорати хеш дар пешрафти ҳаёти сиёсиву иҷтисодӣ ва иҷтимоиву маданӣ саҳм мегузорад ва умедвор аст, ки подоши ранҷҳои кашидаашро хоҳад гирифт ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Имрӯз кишвари азизамон – Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои мамлакат, яъне ҳам сиёсат, ҳам иқтисодиёт ва ҳам илму фарҳанг зина ба зина пеш рафта,ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст ва аз ҷониби кишварҳои дунё эътироф ҳам ёфтааст. Зиндагии мардум ҳар сол нисбат ба соли пешин хубтару фараҳбахштар шуда истодааст. Дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дорад, басо муҳим ва сазовори таҳсин аст ва ин дастовардҳо барои мардуми тамоми дунё мисли офтоб равшан аст.
Мутаассифона, то ҳол дар ҳар гӯшаву канори дунё нотавонбинону хоинони ватану миллати тоҷик бо мақсади сиёҳ намудани Ватани аҷдодони худ ва барои амалӣ намудани мақсадҳои муғризонаи хеш аз ҳар гуна разилиҳо рӯ намегардонанд, чоҳ ба зери пои хеш мекананднаҳаросида аз он ки рӯзе худ ба он худ сарозер фурӯ мераванд. Ба ҳукумати қонунии Тоҷикистон буҳтон мезананд, хашм мегиранд, таҳдидҳо месозанду худро “ғамхор”-и миллат меҳисобанд, аммо дар зимн андешаи дигар доранд. Онҳо бештар ба ҷавонон таъсир расонидан мехоҳанд, таҳсили онҳоро дар донишгоҳҳои бузургӣ ба ном исломӣ, мисли “Ҷомеъату-л-Мустафо ал-оъламия” (тарҷума аз арабӣ: Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо) тарғибу ташвиқ менамоянд, онҳоро ба роҳи Ҳақ ҳидоят карданӣ мешаванду лекин худ аз Ҳақ фарсахҳо дуранд, хилофи дини мубини ислому Каломи шариф амал доранд.
Ҷавонони имрӯза бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба қадри неъматҳои даврони истиқлол бирасанд ва барои расидан ба зиндагии аз ин ҳам шоистатар кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз рӯи гуфтаҳову даъватҳои Президенти кишвари азизамон амал намуда, беш аз пеш ба омӯхтани илму ҳунар рӯ оранд, бо технологияҳои инноватсионӣ ошно гарданд, забон омӯзанд ва дар таъмини зиндагии шоиста дар Ватани худ саҳмгузор бошанд.
Онҳо бояд хуб дарк намоянд, ки ҷавононе, ки аз ҷониби хиёнаткорон гумроҳ гардида, имрӯз бовар ба ваъдабозиҳои онҳо доранду бо вуҷуди даъватҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бозгашт ба Ватан саркашӣ менамоянд (380 нафар!) набояд фаромӯш созанд, ки халқи тоҷик ҳеч гоҳ хиёнатро намепазирад ва хиёнакоронро нахоҳад бахшид. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд: Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ ва дар мавриди дигар омада: пушаймонӣ суд надорад.