​Изҳорот: Заҳратон бод шири модар бар шумо

Истиқлолият чун неъмати бебаҳо ва гаронмояи миллати меҳнатдӯсту ранҷкашидаи тоҷик аст. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар асри 20- ум ба даст омадааст. Боиси хушнудист, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлолият нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз гиромӣ дошт.

Дар ин айём чандин хоинони миллат хостанд оромии моро халалдор созанд ва мардуми сарҷамъгаштаи тоҷиконро пора намуда сарсону саргардон намоянд. Ин гуна нафарон чун Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ, Ҳизби наҳзати ислом, Гурӯҳи №24 ва чандин нафарони дигар, ки мехостанд оромии моро халалдор намоянд. Бар замми ин боз як чеҳраи дигаре, ки халқи мо ва ҳокимияти моро чашми дидан надорад Иззат Амон мебошад, ки хушбахтона дастгир шуд. Мо миллати тоҷик шикастнопазирем ва бояд бидонад, ки...

Ҳама тан ба тан ҷон ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ҷон ба душман диҳем.

Воқеаву ҳодисаҳои рузҳои охир ҳамаро ба ташвиш овардааст. Охир бас будагист ин маймунбозӣ то ба кай мардум чӣ дигар кору бори зиндагии худро надорад. Аз хориҷа истода бо фармони хоҷагонатон ҳарфҳои пасту баланду туҳматҳои зиёде мекунед. Магар фикр намекунед, ки худ Шумо тоҷик ҳастеду бо шири сафеди модари тоҷик ба воя расидает.

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ Ватани хешро гум кардааст.

Бало ба паси ҳамаи Шумоён хоинони миллат Муҳиддин Кабириву, Муҳаммадиқболи Садриддин ва Иззат Амон. Мо муттаҳид ҳастем аҳлу тифоқ ҳастем ва намегузорем, ки ҳамаи Шумоён барин аблаҳон хоре ба пои мо халанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ