​Эҳтиёт аз ТЭТ ҲНИ ё шикору гумроҳии мардум тариқи интернет

Дар ҷомеаи ҷаҳони муосир интернет ҳамчун платформаи онлайнӣ майдони васеъ ва фарохеро мемонад, ки дар он барои ҳар нафар чизи ҷолиб мавҷуд аст: шуруъ аз воситаҳои иртиботу муошират то усулҳои гуногуни фароғат. Дар ин росто, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун воситаи осон ва дастраси муносиботи онлайнӣ аз маъруфияти хос бархурдор мебошад.

Ҷиҳатҳои мусбати таъсири интернетро ба тариқи зайл тақсимбандӣ намуд:

- васеъ намудани ҷаҳонбинӣ

- баланд бардоштани савияи дониш

- огоҳӣ пайдо намудан аз маълумотҳои ҷадид

- манбаи дарёфти маблағ ва ғайра.

Аз ин ҷост, ки сол то сол анвои гуногун ва ҷадиди шабакаҳои иҷтимоӣ коркард гардида, шумораи корбарони он дар ҳоли афзоиш аст. Ин нуктаро маълумотҳои оморӣ низ собит месозанд. Дар шароити кунунӣ аудиторияи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон аз марзи 3,8 миллиард гузаштааст.

Аммо на ҳар як узви ҷомеа онро мақсаднок истифода мебарад ё аниқтараш гурӯҳҳои тундрав онҳоро зуд ба доми худ мекашанд. Яке аз ҷанбаҳои фаъолияти ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон ин таъсиси саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷалби муҳоҷирони меҳнативу ҷавонони аз тарбия дурмонда мебошад. Онҳо бо ҳар роҳу восита ҳатто бо хабарҳои дурӯғ ва бо такя ба иттилои беасос кӯшиш намуда истодаанд, ки номи давлатро сиёҳ ва мардумашро гумроҳ созанд. Хушбахтона имрӯз мардуми тоҷик хеле хуб дарк намуда истодаанд, ки ТЭТ ҲНИ ва ПМТ бо қарори Суди олии мамлакат ташкилоти ғайриқонунӣ буда, ҳар нафари ба узви он пайвастшуда ҷинояткор ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, аз насли ҷавони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки бори дигар ба ҳамсолони худ ва наздикону пайвандони худ бифаҳмонанд, ки то ҳанӯз ин гурӯҳҳои зулмпарвару хунхоҳ фаъолияти худро пинҳонӣ ва ошкоро тавассути сомона ва шабакаҳои иҷтимоии бомдодком, ахборком, паймони миллӣ ва амсоли инҳо бурда истодаанд. Мо бояд давлати худро чун имрӯз аз фаъолияти ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ва шахсиятҳои хиёнаткори дарбадари хориҷӣ эмин нигоҳ дорем. Саводи мо, қудрату тавонии мо басанда аст, ки ба ин гурӯҳу ашхоси нотавонбинони давлату миллат ҷавоби сазовор диҳем ва ҳамарӯза аз шикори интернетии ифротиён ҳушёр бошем.

Ҷӯраева Гулафзо – омӯзгори факултети Забонҳои Шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ