Ифротгароӣ – хатари ҷиддӣ ба рушди ҷомеа
Солҳои охир баъзе аз ашхосе пайдо шуданд, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанду ҳамзамон худро мехоҳанд ба ҳамагон чун шахси ватандӯсту ватанпарвар вонамуд карда бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ фаъолияти роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам зери танқид мегиранд. Мақсади аслии ин гуна ашхос ба таври фиреб омадан ба сари ҳокимият аст ва онҳо ба ин васила мехоҳанд, ки ба ҳадафҳои аслии худ бирасанд. Яке аз чунин шахсони бадному бадсиришт Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунаду ҳамзамон мехоҳад худро чун дӯстдори Тоҷикистон вонамуд кунад. Дар асл ӯ танҳо чун як воситаи ҳимояи манфиатҳои хоҷагони хориҷиаш хизмат мекунад, ки шояд худ бехабар аст. Ӯ бо маслиҳатҳо ва маблағҳои хоҷагони хориҷиаш ба қадри ин қадар ободиву созандагӣ нарасида, хоҳиши халалдор сохтани фазои сулҳу оромии кишвари азизамонро дорад, ки боиси нигаронист. Маҳз ҳамин гуна шахсон метавонанд сабаби халадор сохтани вазъи ороми ҷомеа гарданд.
Инчунин онҳо барои дар амал татбиқ намудани ниятҳои ғаразноки худ қарор доданд, ки бо ҳар гуна роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ баъзе аз ҷавонони чаласаводу ноогаҳ аз моҳияти аслии дини исломро ба сафҳои худ кашанд ва дар дили онҳо нафрат нисбати ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо намоянд.
Лекин, чӣ тавре ки борҳо дар баромадхои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, мо ватанамонро худамон обод мекунем, каси дигар барои мо ин корро нахоҳад кард. Хушбахтона имрӯз аксарияти ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ доранд. Онҳо доимо дастгириҳои пайвастаи Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳсос мекунанд ва медонанд, ки қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.
Њоло фурсате расидааст, ки мо тоҷикистониён зери сиёсати ҳадафмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардем ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ҷидду ҷаҳд намоем. Мақсаду мароми Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани шарту шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини ба ору номуси кишвар аст. Вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷикистонӣ бошад, ҳифзу гиромӣ доштани сарзамини аҷдодӣ ва рушду обод намудани он аст.
Алиназар Дороев