​Сомонаи иғвоангезу тафриқаандоз

Мусаллам аст, ки таъмини сулҳу субот ва амнияти давлату миллат вазифаи асосии мақомотҳои қудратӣ ва ҳар як сокини ба ору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Вале, мутаассифона, солҳои охир ба амнияти кишвари мо дар қатори дигар мамлакатҳои ҷаҳон таҳдиди нав пайдо шудааст, ки онро дар илми сиёсатшиносӣ ҷанги иттилоотӣ ном мебаранд. Гарчанде, ин навъи ҷанг ғайрианъанавӣ дониста шавад ҳам, мақсади он аз ҷанги анъанавӣ чандон фарқи калон надорад. Зиёд шудани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва рӯй овардани онҳо ба ҷанги иттилоотӣ чун воситаи расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, хатари љиддӣ ба амнияти давлату миллат эљод мекунад, ки боиси нигаронист. Вазъияти имрӯзаи баамаломада аз ҳар як сокини бо нангу номуси кишвар тақозо мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳар гуна ашхоси нопок нагарданд ва нагузоранд, ки сулҳу суботи сарзамини аҷдодӣ халалдор шавад.

Пӯшида нест, ки имрӯзҳо бархе аз ашхоси иғвоангезу тафриқаандоз, ки дар хориљи кишвар зиндагӣ мекунанду худро ба тољикистониёну љомеаи љаҳонӣ чун ватандӯсту ватанпарвар вонамуд кардан мехоҳанд, нияти халал ворид кардан ба сулҳу суботи кишварамонро доранд. Яке аз чунин шахсон созмондиҳандаи сомонаи интернетии «Ахбор.ком» М. Салимпур аст. Вай имрӯз сомонаи худро иваз карда, онро акнун «Бомдод.ком» номидааст. Ин гуна инсонҳо дар ҳар давру замон буданд, ҳастанд ва мутаассифона, хоҳанд буд. Ҳадафи асосии ин гуна сомонаҳои ифротӣ танқиди доимии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикстон ва гумроҳ намудани мардуми осоиштаи ин кишвари биҳиштосо аст. Барои расидан ба ҳадафи худ М. Салимпур мунтазам маводҳои характери зиддидавлатидоштаро дар сомонаи худ љой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ мекунанд ва чун фидокор эътироф хоҳанд намуд. Аммо, аслан чунин нест, зеро имрӯз кулли мардуми бонангу номуси кишвар хуб дарк мекунанд, ки фикру амали ин тоифаи одамон тафовути калон доранд.

Айни замон кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон воқифанд, ки мақсад ва ҳадафҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созанда буда, тамоми ҷидду ҷаҳди он баҳри таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар равона карда шудааст. Аммо, мутаасифона, баъзе аз ашхосе, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, мехоҳанд вазъиятро ноором гардонанд ва ба ин васила ба ҳадафҳои ғаразноки худ бирасанд. Онҳо манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоман ба инобат намегиранд ва фикр доранд, ки гӯё онҳоро мардум дастгирӣ менамоянд. Вале, онҳо иштибоҳи калон мекунанд, зеро ки мардуми шариф ва соҳибфарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз онҳоро дастгирӣ нахоҳанд кард ва пешрафту обод намудани сарзамини аљдодиро ҳадафи асосии худ қарор хоҳанд дод…

Камолиддини Раҷабзод! - устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ