Кабирӣ ва кинаҳои азалии ў...
Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,
Не бад-он чашм к-андар ў нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ,
Киштие соз то бад он гузарӣ.
А.Рўдакӣ
Ҳар чанд Кабирӣ зодаи Тоҷикистон, дастпарвари ҳамон устодоне, ки аз шаҳомати Рўдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Бедил, Шайх Камолу Лоиқ ва садҳо абармардоне, ки ҳастии худро барои дарёфти одаму одамият бахшидаанд, дарс хондабошад ҳам, вале аз он барои зиндагии худ чизенагирифтааст.
Ҳамдеҳагони М.Кабирӣ бо таасуфгуфтанд, ки Кабирӣ ба ивази 200 доллари амрикоӣ дар ҳолате, ки Модараш бениҳоят беморбуд ба сафари Москав рафт, вале ҳазор афсўз, ки то баргаштани М.Кабирӣ аз сафар Модари мехрубон, шояд чашм дар роҳи фарзанд ҷон ба Ҳақ супорид; Шояд ин аъмол барои мардумони Аврупо нанге набошад, вале барои аҳли шарқиён хосатан миллати тоҷик иҷро накардани вазифаи муқаддаси фарзандӣ ба шумор меравад.
Намедонам, ин масъалаҳо хеле мураккаб ва паҳлўҳои зиёд доранд, ба ҳар бобат Худованд хар касро ба дуои неки Модар мушарраф гардонад, валеҳайҳот Кабирӣ аз он бархурдор ҳаст ё нест, ин ҳукми мо нест, вале аз Ватан, Модар, зодгоҳ, хешу ақрабо ва дўстон маҳрум гаштан, ин чӣ гуна зиндагист ман тасаввур карда наметавонам...
Кинаву адовати ҷовидона сиришти Кабирӣ – ро фаро гирифтааст, аз Ватан беватан гаштааст (имрўз дар Германия қарор дорад), вале боз ҳам дар ҷустуҷўи ангезаҳоест, ки шумораи онбеинтиҳост. Агар ин фитна дар он маконе, ки имрўз маскан дорад, барангехта шавад, ўро ҳатман аз он давлатмеронанд (депорт менамоянд), вале аз фарсахҳо истода ба қавли худаш “дилаш ба тоҷикистониён месўзад” ва аз нафаскашии мардуми тоҷик дар таҳлука аст...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола дар Иди моҳи Шарифи Рамазон кулли мардумишарифи точикро таҳният мегўяд, вале боиси таасуф аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо бадгўӣ ба Сарвари кишвар муроҷиат намудааст, ки ” Чаро Эмомалӣ Раҳмон бо моҳи Шарифи Рамазон халқи тоҷикро табрик нагуфт?...”
Пешвои миллат халқи шарифи тоҷикро бо сидқи дил ҳангоми фарорасии Иди моҳи Шарифи Рамазон таҳният мегўянд, ба аёдатиятимону бепарасторон, пирони рўзгордидаву солхўрдагон, хонаи пиронсолон рафта, ба онҳо дасти кўмак мерасонанд ва ин қишри ҷомеана танҳо дар моҳҳои муборак, балки пайваста дар ҳимояи Сарвари кишварамон қарор доранд.
Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ М.А.Ҳайитбоева