​Изҳорот: Террор ва кушта шудани ду тан аз фармондеҳони «Толибон»

Дар асоси маълумоти коршиносони мўътамад дар ҷаҳон беш аз 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунад, кибештари онҳо барои қурбон шудан дар роҳи ислом (дар асл барои бадном кардани дини ислом) фаъолият мекунанд.

Имрӯзҳо террористони беаслу насаб кўдакону наврасонро ба гуруҳҳои худ шомил месозанд, истифодаи силоҳ, куштану сўзонидани одамон ва тарконидани биноҳо ба онҳо меомўзанд. Ин навъ хатарҳо ба вайрон кардани тафаккури насли наврас, тағйир додани роҳи камолоти фикриву маънавӣ ва ҷисмонии чунин табақаи бонуфузи ҷамъият оварда мерасонад.

Аз ин рў, қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон буда, ноогоҳӣ, кам мутолиа доштан, номукаммал будани шуури сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ, инчунин бетаҷрибагии насли рў ба камол боис мешавад, ки террористон нерўи онҳоро барои амалӣ сохтани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.

Тавре мо огоҳ ҳастем, гурӯҳи «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) чанд рӯз пеш ба як посгоҳи амниятӣ дар минтақаи Аландар дар ғарби маркази вилоят — Фирӯзкӯҳ ҳамла карданд. Дар ин ҳамлаи террористӣ ба иттилоӣ Амирдод Порсо, сухангӯи фармондеҳии полиси Ғур дар ин ҳодиса ду тан аз фармондеҳони «Толибон» кушта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар задухӯрд ба неруҳои амниятӣ ва дифоии кишвар осеб нарасидааст.

Бо назардошти вазъи кунунии сайёра ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву таълимоти бегона нашаванд ва ба қадри сулҳу ваҳдат, оромиву субот ва осоишагиву хотирҷамъии кишвар бирасанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ