Бешараф аз куҷо донад шараф!
Дар ҳама давру замон нафароне ҳастанд, ки барои манфиати худ шудаметанвонанд миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурушанд. Ё, ки гирифтори суханҳои пучу, хом гарданд. Воқеан гузаштангони мову шумо сохтанд, бунёд карданд, обод карданд, барои наслҳои ояндаи худ як давлати обод меърос гузоштанд.Далели гуфтаҳои дар боло қайдшуда мисол шада метавонад давлати бузурги Сомониё, ки бо фарҳангу эҷодият, шаҳрсозиву шаҳрдорӣ худ дар ҷаҳон ҳамтое надошт. Аммо имруз мо насли ҷавони кишвар барои давлату миллати худ чӣ кор карда истодаем, магар инкору фаъолияти мову шумо барои таърих ва барои наслҳои оянда нишонаи доғи худро сабт намекунад.Бинобар ин ҳар як насли ҷавони имруза, бояд пеш аз ҳама, Шукронаи ана ҳамин давлат намоянд. Зеро, ки моро мехӯронад, мепушонад, тарбия менамояд, ба камол мерасонад ба ҳамаи ин нигоҳ накарда боз ба рӯи Модар Ватанхуд пой мегузорем.Хиёнат мекунем. Магар ин аз рӯи хислатҳои инсонист. Воқеан ҳастанд ҷавононе, ки вақте дар наздаш ҳаст, қадр намекунан вақте аз дасташ мераваду, дар тангкуча қарор мегирад, баъд дарк менамояд, ки терорист, ки ҳастуэкстремист кист. Воқен ҳам он даҳшату, ваҳшат қатлу хунрезӣ харобиҳое, ки саркардагони ин ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҲНИ бар сари ин миллати тоҷик оварданд аз тамошои филми зикршуда баръало дида мешавад. Гунаҳгорони ҷанги сангину нангине, ки дар байни мардуми тоҷик рух дода буданд аъзоёни наҳзатиҳои террорист буданд . Ин амалҳои разилона моро огоҳ кард, кибарои ваҳдату ягонагӣ минбаъд муттаҳид шавем ва пешрафте тараққиёти мамлакатро дар муттаҳидӣ таъмин намоем. Лекин дар оғози фаъолияти ташкилотҳои террористӣҳамин гуруҳҳои қодир шуданд,ки авалин коре, ки анҷом диҳанд, пароканда кардани ваҳдату ягонагӣ ва дар дили мардум ҷой додани тарсу ваҳм ва ғ. Ин омил сабаб шуд, ки кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид
Маҳз бо ташаббус ва корнамоиҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корнамои фарзандони далеру шуҷои кишвар,ин оташи ҷанг бо мушкилӣ ҳам бошад, хомӯш гардид. Аз ин ҷиҳат, мо ба тамоми мардуми мамлакат муроҷиат карда мегӯем, ки ба иғвогариҳои чунин нафарони фурухташударо дода нашаванд. Ба қадри ваҳдату ягонагӣ расанд. Ватани хешро дӯст доранд ва аз паи ободии он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро Тоҷикистон бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои сарвари хирадманди худ дар ояндаи наздик ба як кишвари ободу ривоҷёфта табдил меёбад ва хидматҳои ҳаряки мо барои сарҷамъии милати хеш беҷавоб нахоҳад монд.
Моҳира Алибоева - устоди ДДХ