​Дар ҳимояи марз сипар мешавем!

Амнияту оромии ҳар халқу давлат аз сатҳи ҳифозати марзу бумаш вобаста мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин амр пайваста тадбирҳои муайяну мушаххас меандешад.

Сарҳад дар қатори миллат, забон ва арзишҳои миллӣ нишонаи муҳим ва муқаддаси соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Давлат ҳамон вақт ҳимоя мешавад, ки агар сарҳади мустаҳакам ва сарҳадбони боэътимод дошта бошад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳояшон пайваста таъкид медоранд, ки ҳимояи давлат аз ҳимояи сарҳадоти он вобастагӣ дорад.

Вазъ дар марз, хосатан дар қисми шимолии сарҳади Тоҷикистон бо кишвари ҳамсоя – Қирғизистон дар аввали баҳори имсол хеле мутаанниҷ буду то ба муноқишаҳои ҷангӣ оварда расонид. Аслан, саҳфаҳоти таърих гувоҳанд, ки тоҷик ҳеҷ вақт боиси сар задани низоъ набуду намешавад. Шояд таҳаммулпазириву сулҳпарастии мо тоҷиконро мушоҳида намуда, қирғизҳо ҳар чи тавре, ки хостан ба ҳамсоягони худ тамасхӯриву таҳқирро раво диданду аз сангпартоӣ то ба дуздидани кӯдаку мол, оташ задани мулку нобудсозии заминҳо бипардохтанд. Онҳо фикр накарданд, ки ин миллати ҳамсоя ҳама вақт пур таҳаммул буда наметавонад, косаи сабр ҳам лабрез шуданӣ дорад! То ба кай миллати тоҷик ба тамасхӯрии қирғизҳо лаб мегазад? Албатта тирпарронии сарбозони қирғиз, осеб дидани халқи осоиштаву ҳокими он маҳал охирин рафтори нохалафонаи қирғизҳо тоҷиконро ба ваҷд оварду хурду калон чи хатлониву чи суғдӣ ҳама ба ҳимояи ин марз сипар гардиданд!

Марзбонони шуҷоъ, шермардони суғдиву хатлониву помирӣ ҷавоби хубе бар амалҳои номардонаи қирғизҳо баргардонданд. Онҳо ворисони Спитамену Муқаннаъ ва Восеъу Темурмалик буданашонро дигар бора тасдиқ намуданд! Иборае аз таърих, ки тоҷик ҳеҷ вақт мағлуб нашудаастро қирғизҳо дар тани гарми худ ҳис намуданд.

Аслан, маълуми ҳамагон аст, ки тоҷикон ин бодиянишононро замин додаанд, ки дар кӯҳҳо хаймаву юрта доштанду азобе чун сагро медиданд. Аз кӯҳҳои баланд ба заминҳои ҳамвор фуруд омаданду реша ронданд ва акнун даъвои заминдориву маконталошӣ доранд? Ҳайҳот, ки кӯрнамакии мардум оқибат чашмашро кӯр мегардонад.

Дар вазъияти муноқишавии фасли баҳорӣ қирғизҳо аз тарси ҷон ба кӯҳҳо баргаштанд, вале то ба ҳол осуда нашудаанду боз ба ҳолати низоъвӣ кӯшиш доранд. Боз сангпартоӣ, боз дуздӣ, боз ҷангу хархаша... Ҳой мардум магар басанда нест? Боз ҳолати ҷангӣ мехоҳед? Мо тоҷикон марз, замин ва мулкамонро ҳеҷ гоҳ надодаем ва нахоҳем дод! Баҳри ҳифзи марзу бум, хурду бузург, зану мард ҳама СИПАР хоҳем шуд!

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ