Ободиву сарсабзӣ мароми асоси бояд бошад - на иғвогарӣ!
Дар сомонаи иҷтимоӣ мақолаи яке аз “профессор”-и қирғизӣ бо ном Қиёс Муллоқосимов бо ном “Чоряки қаламрави Тоҷикистон сарзамини Қирғизҳост” нашр гардидааст, ки хело тааҷубовар мебошад. Зеро ӯ бо ҳар роҳу усули хосаи худ хостааст онро исбот намояд, ки нисфи зиёди хоки Тоҷикистон аз они қирғизҳо бошад. Аз ҷумла омадааст: “...барои мисол, номгузориҳоимавзеъҳои атрофи Хуҷанд: Қирқ қиз бейети , Қирқ Уул, Нариман, Жоо Кесек , Кожо Бакирган (Хоҷа Бақирғон)...худи Хуҷанд ҳам аз туркист , на аз форсӣ ва маънояш қароргоҳи хоҷаҳост. Ин шаҳр номи худро дар давроне гирифтааст, ки дар Тӯрон хоҷаҳои араб муқим мешудандва ин шаҳо ба мардуми туркзабон , аз ҷумла ба қирғизҳо рабт дошт ”. Ин гуфтаву навиштаҳои ин “профессор” асосенадорад. Мардуми тоҷик аз ҷумла, сокинони шаҳриХуҷанд хуб медонад, ки мафҳуми Хуҷанд маънои “хуб ҷамъомадагон”-ро дорад, ки аз ҷониби муаррихон, таърихшиносони тоҷик кайҳо тадқиқ шуда, исботи худро ёфтааст. Ё дар ҷои дигар иддао дорад, ки Мурғобу Ҷиргатол ҳам ба сарзамини қирғизҳо таалуқ дошта, онҳо бояд барои ба даст овардани он тамоми кушишу ғайраташонро ба кор баранд, ки дар ин ҷо низ “профессор” ба иштибоҳи калон роҳ додааст.
Пеш аз он, ки ба чунин иғвову буҳтонҳои беасос даст занад хуб мешуд, ки ин “профессор” ба мардумаш маслиҳат медод, ки заминҳои бекорхобидае, ки дар ҳудуди сарзаминашон ҷойгиранд ба кор андохта, аз он заминҳои бекорхобида самаранок истифода менамуданд. То оне, ки чашм ба хоки замини ҳамсоя ало намуда, муносибати байни ин миллатро ба нофаҳмиву мунокишаҳои беасос рӯ ба рӯ созад.
Мо боварии комил дорем, ки ба ин гуфтаҳои беасоси “профессор” ягон нафар фирефта нагардида, аз паи ободиву хуррами сарзамини худ мегарданд.
Устоди кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ