Муҳаммадиқболу Шарофиддини тахрибкор

Доир ба фаъолияти тахрибии ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати ислом маводҳои ҷой­дошта нишон медиҳанд, ки айни замон роҳбарону фаъолони ин ниҳод бо дастгирии доираҳои алоҳидаи кишварҳои манфиатдори хориҷи фаъолияти тахрибӣ-идеологии худро бар зидди Тоҷикистон пурзўр намуда истодаанд. Чунончи, солҳои охир яке аз аъзоёни фаъоли ин ташкилоти террористӣ Муҳаммадиқболи Садриддин, ки таҳти сарпарастии хоҷагони хориҷиаш дар ҳудуди Аврупо қарор дошта, дар сомонаҳои интернетӣ баромад намуда, бар зидди Тоҷикистони имрўза мақолаҳои иғвоангезро паҳн намудааст. Вокуниши аҳолии ҷумҳурӣ шаҳодати он аст, ки мардум амалҳои зишти Муҳаммадиқболи Садриддинро қатъиян маҳкум мекунанд.

Дигар аз чунин нафарони хиёнаткори Ватан Шарофиддин Гадое, собиқ фаъоли бахши ҲНИ дар вилояти Суғд, собиқ истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд мебошад, ки ба шаъну шарафи сокинони ватандӯст ва баруманди Хуҷанди бостонӣ доғи сиёҳ оварда истодааст. Номбурда айни ҳол дар Аврупоиқомат дошта, ба роҳгум намудани соҳибкорону ҷавонони тоҷик ва ҷалб намудани онҳо ба сафи гуруҳҳои ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф машғул мебошад. Мавсуф бо роҳандозӣ ва маблағгузории баъзе ташкилотҳои байналхалқии ба ном ҳимояи ҳуқуки башар ва доираи манфиатдори кишварҳои хориҷӣ фаъолияти тахрибкориро бар зидди халқу Ватани худ ба роҳ монда, ба тарҳрезию амалӣ намудани ҳаргуна амалу барномаҳои зиддиҳукуматӣ, аз қабили паҳн намудани ҳаргуна баромадҳои буҳтономез нисбати сиёсати имрузаи роҳбарияти кишвари мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғул мебошад.

Шаҳрзоди Баҳор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ