Кӯрнамакон
Ҳоло ифротгароёни халқи тоҷик садо ва симои шағолмонанди худро аз манотиқи гуногуни дунё бароварда истодаанд. Гарчанде, ки онҳо дар мамлакати мо қарор надоранд, бо вуҷуди ин, онҳо аз берун зарари худро расониданианд. Яке аз душманони давлати Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Садриддин ва Муҳиддин Кабирӣ аз берун истода заҳри худро ба мардуми тоҷик ранги мори афъи мечошад, ки аз амалҳои маккоронаи онҳо кулли мардум ва мақомотҳои дахлдор бохабар ҳастанд.
Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраҳои Муҳаммадиқболи Садриддин ва Муҳиддин Кабирӣ пайдост, имрӯз дар симои пайравону муҳибблонашон пайдост. Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо танз сухан мегӯянд. Шуруъ аз Муҳиддин Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаи худро бо телефон хонд. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист.
Ин гуна мисолҳо бисёранд, аммо суол ба ҳамаи ин якест: ҷавонмарде, ки тобути падару модарро намебардорад, нафаре, ки маблағи ночизи раҳкироро аз ҷанозаи падар боло медонад, шахсе, ки ба ҳамсар ва бародару хоҳари худ раҳме надораду ин қадар ба осонӣ аз наздикони худ даст мекашад, барои мо — мардуми оддии кишвар чӣ амали некеро анҷом медиҳад? Ҷавоб ба ин савол пушти нигоштаҳои болост. Айни замон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону балегӯёнаш, ки Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз онҳост, бо корбурди тамоми маҳорати тӯли солҳо аз сарпарастони хориҷӣ омӯхтаву андӯхтааш талош дорад, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созанд. Онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё барои ислоҳи нуқсонҳои мавҷудаи ҷомеаи мо саъй карда, роҳи раҳоии кишварро аз бунбасти мушкилотҳои мавҷуда нишон медиҳад.
Шаҳрзод