Муборизаи беамон алайҳи терроризм, экстремизм ва дигар “изм”-ҳои хатарнок дар замони муосир

Воқеан ҳам, ин зуҳуроти номатлуб дар замони муосир хатари ҷиддие барои инсоният ба бор овардааст, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро фарогир мебошад. Терроризму экстремизми динӣ-сиёсӣ, радикализм, сеператизм ва дигар “изм”-ҳои хатарнок зуҳуроти ғайри қобили қабули ҷомеа буда, таърихи хеле тўлонӣ дорад ва олимону донишмандон, сиёсатмадорону сиёсатшиносон ва рўзноманигорону фаъолони ҷомеа вобаста ба он изҳори назар кардаанд, ки дар умум ҳама онро маҳкум менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш, ки дар таърихи 26-уми январи соли 2021 ироа гардид, чунин иброз доштанд: "Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд".

ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва гурўҳҳои дигари ҳаммаслаки он, ки берун аз кишвар манзил гузидаанд, аз қабили он ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои муташанниҷро дар ҷомеаи мо, ки айни ҳол сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ ҳукмрон аст ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ҳанўз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳо намефаҳманд ва дарк намекунанд, ки бори каҷ ба манзил нахоҳад расид.

Ин гуна гурўҳҳои нохалаф дини исломро бар худ ниқоб карда, ба бовариву эътиқоди баъзе аз ашхоси ба худашон монанд даромада, дар ҷомеаҳои мухталифи минтақаву ҷаҳон кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, зиддидинӣ ва зиддиахлоқӣ анҷом медиҳанд. Худашонро боз ҳомӣ ва пайрави ислом мегиранд. Онҳо чӣ гуна аз ислом ҳарф мезананд, ки худашон иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, хиёнат, зулму тааддӣ, нохалафӣ, бадкирдорӣ ва дигар амалҳои ғайриинсониву ғайриисломӣ мекунанд? Ин гуна гурўҳҳо ғафлатзадаву худозада буда, ба ҳаёти инсоният, миллатҳо ва давлатҳо хатарзо маҳсуб мегарданд. Чаро ки террорист давлату миллат, забону сарҳад, фарҳангу мазҳаб надорад ва ғуломи зархариди "хоҷагони хориҷааш" буда, манофеи онҳоро ҳимоя мекунад. Беҳуда дар урфият намегўянд, ки бад кунад ҳар кӣ бунёдаш бад аст. Ҷомеаи Тоҷикистон ин гуна амалҳои ифротиро қатъиян маҳкум менамояд.

Дар ин росто, таҳлилҳои воқеӣ нишон медиҳанд, ки рушду такомули бонизом ва суботи сиёсии давлати Тоҷикистонро Иттиҳоди Аврупо ва САҲА бо такя ба андешаҳои гурўҳҳои "ғайриқонунӣ" дар мисоли ТЭТ ҲНИ ва Гурўҳи 24 нодида мегиранд ва ин гурўҳҳои иғвоангезро дастгирӣ намуда, ба онҳо фаъолияти озоди кору фаъолият медиҳанд. Фаъолияти гурўҳҳои дар боло номбаршуда дар қаламрави Тоҷикистон мамнўъ мебошад, аммо таассуфовар аст, ки бо сабабҳое ин гурўҳҳо аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои ғарбӣ дастгирӣ меёбанд. Ин гуна рафтори онҳо хилофи шартномаҳои ҳамкорист.

Дар фарҷоми сухан чунин андешаро қатъиян иброз менамоям: афроду ашхосе, ки дар дохил ва хориҷи кишвари зебо ва ваҳдатофар - Тоҷикистони азиз умр ба сар мебаранд ва хилофи арзишу манфиатҳои ин диёр бевиҷдонона ва хиёнаткорона амал менамоянд, мардуми шарифи ин Ватан ва Офаридгори олам ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз нахоҳад бахшид!!!

Меҳроби Ватан

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ