Хоки поки Тоҷикистон

Мавзӯи баҳсии деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара дар матбуоти даврии Қирғизистони ҳамсоя таърихи тӯлонӣ надораду танҳо давоми солҳои охир ба дараҷаи баланд расидааст. Гарчанде, ки ҳазорон олимони бостоншиноси сатҳи ҷаҳонӣ дар такя бо маъхазҳои таърихӣ исбот менамояд, ки деҳаи Ворух замоне чун вилоят вуҷуд доштаасту мардумаш оини зардуштӣ мепарастидаанд. Баъзе ҳангоматалабони муғриз дар расонаҳои электронии муосир сарусадоҳо меангезанд, ки инкор намудани ҳақиқати таърихӣ мебошад. Таърихи чандҳазорсолаи дар китобҳои сершумори қадима сабтшуда шаҳодат медиҳанд, ки шаҳрҳои Ботканду Ӯш низ тоҷикнишин буду кунун ба марзи маъмурии Қирғизистон мутаалиқ шудааст. Рустои Ворух бошад сарзамини Тоҷикистон буду чунин боқӣ хоҳад монд. Танҳо нафарони беномусу бесаводи бехабар аз таърихи қадима даъвоҳои беасос паҳн менамоянду халос, ки гувоҳии фитрати пасти онҳост.

Мутоилаи мақолаҳои боътимоди илмӣ ва дар асоси махзани маълумотҳои таърихӣ таҳиягардида, масалан, олими варзида Нуралӣ Нурзод бори дигармардумро воқиф месозад, ки ба дасисаи баъзе нафарони палид фирефта нашаванду бовар накунанд. Агар, ба география ва марзи кунунии маъмурии давлатҳои ҳамсоя бо нигоҳи каҷбинӣ назар афкананд, чӣ низоъҳои нав ба нав хурӯҷ хоҳад кард. Мақсади аслии тоифаи чаласавод ҳам, аслан тафриқаандозиву низоъсозист. Аз ин лиҳоз, имрӯзҳо ҳар фарди бономусро мебояд назаре ба таърих кунаду созишномаи мусолаҳаомез байни Тоҷикистону Қирғизистонро пуштибонӣ ва риоя намояд.

Миллати тоҷик ҳеҷ давру замоне ҷангталабу миллатгаро набуду нест ва имрӯз низ танҳо қоилшавӣ ба далелҳои таърихиро мехоҳанду бас.

Ба муаллифони сарусадои беасосонаи қазияи рустои Ворух муроҷиат намуда қотеъона талаб менамоям, ки аз иғвою дасиса, таҳрифи асноди таърихӣ ва дигар амалҳои муғризона даст кашанд. Сулҳу суботи оромиву осудагии ҷомеа аз манфиатҳои хусусиву гуруҳӣ болотар меистанду нашояд ҳарзагӯӣ кард. Нафароне, ки байни миллатҳову мамлакатҳо низоъандозӣ мекунанд ва ҳатто дар моҳи шарифи Рамазон аз ин амал даст накашидаанд, разилону палидоне мебошанд, ки мубориза бар ифротгароии онҳо қарзи муқаддаси шаҳрвандии ҳар як ватандори Тоҷикистонӣ аст!

М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

М.А. Дадобоев – сармуаллимикафедраи геоэкологияи факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ