Ба ғамхории нохалафон ниёз надорем!
Хидматгори хоҷагони хориҷӣ будан танҳо ба нафаре даст медиҳад, ки хоиниро пеша намудаасту баҳри манзур намудани ҳисоботи пуробуранге ҳатто Ватану модари худро мефурашад, чи ҷои суханкунӣ аз амалҳои фитнаангезу гумроҳкунии мардуми ноогоҳ.... ба ин қабил мардум аъзоёни ҳизби наҳзатро номбар намудан равост, ки ба ҷуз нохалафиву дурӯғгӯӣ дигар амалеро ба худ раво намебинанд. Ба ин минвол дирӯза суҳбати онлайние, ки аз ҷониби роҳбари “паймони миллӣ” М.Кабирӣ зери увони "Дурӯғ танҳо василаи муносибати ҳукумат бо миллат" гузаронида шудааст, мисол овардан ҷоиз аст, ки ин нохалаф тамоми ақли кӯчаку аз шуур берунӣ худро рӯи даст гирифта чунон ба сиёҳкунии роҳбарияти кишвару фаъолияти давлатдорӣ даст задааст, ки касро ҳам ханда мегираду ҳам ангушти маломат мегазад. Магар ки дар ин суҳбат мегӯяд, ки “...парвандаеро дӯстон барои додгоҳи байналмиллалӣ омода карда истодаанд, ман намегӯям, ки ман омода карда истодаам, балки бо кӯмак ва ҳамкорӣ бо дигарон ин масъала омода шуда истодааст... ” дар ин сӯҳбат таҷрибаи додгоҳии дигаронро номбар намудаасту дигар мамоликро ҳамчун намуна овардан хатост. Ва баъд ин хоин магар аз ягон нафари дар мамолик зиндагӣ карда пурсид, ки ҳамин амали иғвоангезу фитнаи ӯ ба касе лозим аст ё не?Ин ҳама амалҳои нохалафӣ шумо наҳзатиёни наҳс танҳо ба хотири гумроҳнамоиву иғвоангезӣ лозим асту халос... боқӣ шумо дар хонаҳои ободу киссаҳои пур аз маблағ, ки хоҷагонатон таъмин мекунанд, зиндагӣ дореду парвои ободкунии Ватан, тараққиёти ҷомеа ва пешравии миллат надоред. Ба шумоён танҳо ана ҳамон ҳолати давраи ҷанги таҳмилӣ, ки бародар хуни бародар бирехту хонаҳои ҳамдигарро оташ андохтанд лозим асту фикри миллату давлати тоҷик надоред. Бозиҳои тундгарои худро яксӯ гузошта дар пайи нафси худ гардеду ба халқи азизи тоҷик кор нагиред. Моро дар макони ободу осуда зиндагӣ мефораду ба “ғамхориву кӯмакҳо”-и шумо – нохалафон ниёз надорем. Дурӯғ, фитнаву гумроҳкунии худро нисбати ҳамдигар дар иҳотаипаймони беимони худ истифода бареду ба мо кор нашавед!
Шарифзода М.