​Сухан санҷида гӯй то дӯстро душман нагардонӣ...

Мухтарам профессор Қиёс Муллоқосимов, (журналист ва муаррихи қирғиз, собиқ мудири дафтари бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек ва раҳбари кунунии Бунёди “Мурас” ) мардуми тоҷик дар урфият мегуфтанд “Олим шудан осон, аммо одам будан мушкил”. Бо ин гуфтаҳо гуфтаниям, ки таърихро нанавсозӣ кардан нобахшиданист. Зеро ҳақ ба ҳакдор бояд расад.

Шумо, ки дар мусоҳибаи худ дарнашрияи KoomPress нафақат Муроғобу Ҷиргатол, балки ҳатто Хуҷанд, ки маркази вилояти Суғди Тоҷикистон мебошад“ сарзамини қирғизҳо номидед, ва ҳатто номи Хуҷандро на решаҳои форсӣ, балки решаҳои туркӣ гуфтед? Ба ин ягон асоси қатъӣ ё далели таърихӣ надошта - ? Пас Шумо олим? Агар Шумо дуруст ба сарчашмаҳои таърихӣ назар мекардед, имруз шояд инхел намегуфтед? Зеро мардуми тоҷик аз таърихи номгузории ҳар як шаҳру вилояташ дар маҷмӯъ аз таърихи худаш хуб огоҳ мебошад ва ба Шумо низ тавсия медиҳад, ки хонед баъд ҳарф занед. Барои Шумо баринҳо олимоне, ки нодида аз таърихи тоҷикон ҳарф мезанед китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуровро тавсия мекунем, зеро дар он ба таври мушаххас бо далели қатъӣ аз таърихи тоҷикон оварда шудааст .

Дар урфият мегуянд “ҷавоб ба ахмақ сукут” вале, агар “олим дар нохунунак”- намебудед сукут ҷоиз буд. Ба Шумо олими мухтарам муроҷиат карда мегуем, ки дуруст сарчашмаҳоро омухта, баъд ҳарф занед. Зеро, мо қарори сукут карданро сари ин масъала надорем ва далелҳои зиёд дорем. Ва ба Шумо баринҳо муроҷиат карда мегуем, ки тоҷикон таърихи беш аз 5500-сола дорад.

Сарчашмаҳои қадимаи таърихӣ исбот мекунад, ки минтақаи Ворух макони аслии истиқомати аҳолии тоҷик ва ҳатто номҳои фарзандони маъруфи миллати тоҷик - зодагони ин қаламравҳо мебошанд, ки дар паҳншавии тоҷикон саҳми назаррас гузоштаанд забон ва фарҳанг дар Ҳиндустон ва дигар кишварҳои форсизабон, метавонанд ҳангоми муқаррар намудани ҳуқуқҳои таърихӣ дар ҷараёни баҳсҳои илмӣ далел шаванд. Далели соддатарин метавонад номи шаҳри Баткент бошад, ки аз калимаи суғдии «Бодканд» - «Шаҳри бодҳо» гирифта шудааст.

Чи дар замонҳои таърихӣ ва чӣ ҳоло тоҷикон, бидуни шак, ягона меросхӯрони забон ва фарҳанги суғдӣ дар қаламрави Фароруд буданд ва ҳастанд, ки ҳаққи даъвои ин меросро доранд. Далели дигари ҷолиб он аст, ки Баткент дар гузашта як қисми музофоти (устон) Уша буд. Дар яке аз қадимтарин асарҳои ҷуғрофии давраи Сомониён - "Ҳудуд-ул-олам" ("Ҳудуди ҷаҳон") - дар бораи Ош (Уша) чунин навишта шудааст: "Уш ҷои бароҳат аст, дар ин ҷо замин одамони бордор ва (зинда) ҷангӣ аст ва (шаҳр) дар минтақаи кӯҳистон ҷойгир аст. Дар кӯҳҳо патрулие амал мекунад, ки туркҳои кофирро (кофирон) бозмедорад "

Чунин мисолҳо бисёранд. Мисоли оддӣдар донишномаи электронии озоди“Википедия”Ворух чунин омадааст: “Деҳаи Ворух баъд аз Тамохуш ва Бамкахуш (қасабаҳои қадими Исфара) севвумин маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад. Вожаи Ворух аз «вара»-и форсии қадим гирифта шуда, маънии «қалъа», «мавзеи бо девор иҳоташуда»-ро дорад. Аз сабаби дар мобайни кӯҳҳо ҷой гирифтан Ворух номгузорӣ шудааст. Ба ақидаи авестошиносон калимаҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ ба Ворух пайвастагӣ доранд: «Дар Авесто сухан аз ҳафт кишвари яздонӣ меравад, ки дар замони тӯфони ҷаҳонӣ наҷотгоҳи башар маҳсуб мешуданд. Он ду кишвари шимолӣ бо номҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ бо Румон чун наҷотгоҳ ситуда шудаанд ва дар замони Фаридун номи ин ду кишвар ба Саразм табдил ёфт. Ворӯи Панҷакенти имрӯза, Ворухи ноҳияи Исфара ва Румони Н. Бобоҷон Ғафуров дар Авесто бо номи ҳиндуаврупоӣ башорат медиҳад». Ҳамзамон дар «Гӯри муғ»-и Ворух пайкараи кӯчаки аз гач сохташудаи зан бозёфт шудааст ва тахмин меравад, ки шояд ин пайкараи яке аз наҷотдиҳандагони дигари башарият, фариштаи обҳои биҳиштӣ Аредвисура Анаҳито (нигаҳбони обҳои осмонӣ) бошад. Чунин номҳо далели онанд, ки замоне дар Ворух зардуштия ривоҷ ёфтааст ва номи Ворух низ метавонад аз он давра омада бошад”

Ҷаноби Қиёс Муллоқосимов таърихи тоҷиконро дуруст омӯзед, баъдқазоват кунед.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ