​Изҳорот: Кабирии бегонапарастӣ мазҳабгаро

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи иттилоиМуҳаммадиқболи Бохтарӣ як хатмкардаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ узви «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» будааст. Соли 2013 раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ муовини роҳбари ин ҳаракати байналхалқӣ бар уҳда дошт. Бояд гуфт, ки «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» як ҳаракати динӣ ва сиёсии ифротгарои мазҳаби шиъа буда, қувваҳои динию сиёсии шиъа ва ё шиъагароро дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон муттаҳид мекунад. Ин санадҳои раднашаванда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки намояндагони ҳизби экстремистии наҳзати исломӣ равияҳои барои миллати тоҷик ва мазҳаби ӯ нораворо дастгирӣ мекарданд ва ин ба хотири гирифтани маблағҳо ночизе, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷи ба онҳо дода мешуд.

Чӣ қадаре, кидар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ муҳайё шавад сатҳи муайяни шуурнокии сиёсӣ инкишоф ёфта, доираи ҳуқуқу озодиҳои онҳо зиёд мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро барои рушди ҳамаи гурўҳҳои ичтимоӣ муҳайё намудааст, ки аз ин мо шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқи гуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат аз рўзҳои аввали истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт.

Одамонрро ба якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намуд. Имрўз мо тамоми қишрҳои ҷомеа маҳз аз рўи ин принсипҳои созанда , ки рушди минбаъдаи ҳар як давлатро нишон медиҳанд кору фаъолият намоем. Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд. бубинед дар 29 соли соҳибистиқлолӣ корҳое иҷро гардидан, ки дар 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ иҷро нашуда буданд.

Натиҷаи фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар боиси талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида буд. Саромадони ҷанги шаҳрвандӣ бо ташаббуси ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати ислом ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон аз масҷидҳои ҳамонвақта оғоз гардида буд. Дигар ҷомеаи ватандўсти кишвар намехоҳад, ба суханпардозиҳои беасос гўш диҳад, ҳадафи мо бо фарҳангу маърифати баланди ватандўстӣ баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намудан асту бас.

Баҳори Шаҳрзод

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ