​Мискин харак орзуи дум кард?

Баъзе нафарони ҳайвонсифати пастшуур баҳри қонеъ намудани ҳирсу нафси худ қодиранд тамоми вуҷуди худ ба гарав гузоранду ба мақсади нопокашон расанд. Онҳоро маънавиёту арзишҳои олии инсонӣ бегона асту дар пеши назарашон қоғазҳои рангаи пулу ҷилои ҷавоҳирот тамоми чизҳои дигарро ноаён кардааст. Аслан, ҳамаи хислатҳои зикрёфта шабеҳи амалҳои шайтон асту фирефтаю фурӯхташудагон ба Иблис пайрави амалҳои ӯ мешаванд. Чунки, шайтон ақлу тамизи онон рабудаву ба ивазаш нопокию разилӣ, қаллобию фиребгарӣ ва дигар кирдорҳои палидро дар майнаи сарашон ҷой кардааст. Магар намедонед, онҳо шомили ин тоифаи мурдоранд?. Бехабаред, ки шоистаю сазовори ин ҳама ҳаромигариҳои номбурда мутаалиқ ба аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломи мамнӯъ асту “қаҳрамониҳо”-и ононро филми мустанади “Хиёнат” исбот кардааст. Падари аблаҳ фарзанди худро ба дасти нокасон супоридаву ҳамҷинсгаро кардааст, узви раёсати ин ҳизби мамнӯъ буд. Фарзанди тарбиянадида, ки имрӯз қаллобу маккор шудаасту чӣ тавр эҳтироми падари аблаҳ ба ҷо оварад? Аввало дар тарбияташ чунин ҳис нест, баъдан хоҳиш надорад ва сеюмӣ зарур намешуморад. Зеро, серкор асту нақшаҳои нави мардумфиребию сарватёбӣ мекашад. Ӯро чӣ ҳоҷатест, ки аз ин машғулияти нопок фориғ шаваду зиёрати қабру дуои падар кунад? Баръакс, даме вақт ёбад бояд ҳамкасбони ЛГБТ – ро дарёбад, ки бемориаш бедаво асту то гӯр аз он раҳо наёбад. Пас аз нохалафони наҳзатӣ чӣ умеде бояд дошт. Охир амалҳояшон аз оғоз то ба анҷом ҳама палидию разилӣ, касофату ҳирс ва дигар ифлосист. Намедонанд, ки ҳикмати ҳалқӣ фармудааст:

Мискин харак орзуи дум кард.

Ноёфта дум ду гӯш гум кард!

ва шумоёни бе нангу беномусро касе шунидан намехоҳад. Натанҳо худи шумо, балки молу сарватҳоятон ҳаром асту хизмат ба ҷониби шайтон аст. Агар қадри донаи арзан ақлу тамизу виҷдон, лоақал шаъну шараф медоштед, андешаи фардои фарзандони худ мекардед. Худписанду такаббур тарки дунё кунед, молу амволатон насиби кадом нокасон мешавад ё идомаи касифӣ дар фарзандони мардум мебинед?

Шайтонӣ бошад фарди бешараф

Душманӣ оварад марди бетараф

Ҷомеа набахшад ҳеҷ гоҳ чунин фардон,

Ҷону молу ҳолаш гардад табоҳ чун ҳайвон!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети

геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ