Муҳиддин Кабирӣ-душмани миллат
Муҳиддин Кабириро мардуми кишвари Тоҷикистон ҳамчун як нафари хоин ватанфурўш ва палиду нокас мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дошта инсони дарбадар дур аз Ватан мебошад. Ин шахси манфур бо суханҳои дурўғи худ миллати тоҷикро назди дигар давлатҳо паст задан мехоҳад. Бо таъсири интернет , шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми тазвиригурўҳҳои манфиатҷў афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд,обрў ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд. Ба фиреби ин хиёнаткорон ҷавонон дода шуда, ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурўғ ҳаёти худро барбод медиҳанд ва наздикони худро дар миёни ҷомеа шармсор мкгардонанд.Гурўҳҳои ифротии динии имрўза ягон давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусалмониро эътироф накарда,мехоҳанд онҳоро ба таркиби «хилофат»-и худ маҳв намоянд.Гурўҳои ифротгароии динӣ низоми демократии давлатро барои мусулмонон нолозим ҳисобида, ба муқобили он мубориза мебаранд. Мақсади асосии Муҳиддин Кабирӣ он аз байн бурдани давлатҳои дунявӣ ва демократӣ , ҳатто давлатҳоеро ки аксари мардуми онҳо мусалмон буда, меъёрҳои исломӣ эътироф ва амалӣ шудаанд мебошад. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ,ки ба ин гурўҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад,дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст. Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ»қабул карда шуд,ки мақсади он пеш аз ҳама риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ,асосҳои сохти конститутсионӣ,таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибтстиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд.Бояд мо пайваста аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирӣ намуда,ба муқобили ин гунна шахсиятҳои манфур мубориза барем.Нақшаҳои баде ,ки Муҳиддин Кабирӣ дорад ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд ва мо низ миллати тоҷик намегузорем,ки ба оромии кишвари азизамон халале ворид шавад.
Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдуҷабборова Р.А