Симои манфурро хислати шайтонӣ зебад
Фазои иттилооти ҷаҳони муосир майдони нопайдоканорест, ки дар он симоҳои гуногун вобаста ба истеъдоду маҳорати худ ҷилва мезананду баҳри расонидани ахбори нав ба аҳолӣ талош менамоянд. Аслан, рисолати воқеии журналистон ё рӯзноманигор дар он аст, ки аз воқеаю ҳодисаҳо мағзи маънавӣ ҷудо созаду баҳри пешрафти тафаккури ҷомеа онро таҳлилу талқин намояд. Ҳеҷ давру замон журналист ҳуқуқ надорад, ки дар баёни ҳақиқат иштибоҳ кунад ё худ ҳақиқатро ба манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ тағйир дода фикру андешаҳои хаёлоти ботилонаи худро дар он ҷой диҳад. Вале, имрӯзҳо чандин нафарони зархаридро метавон мушоҳида намуд, ки фазои иттилоотиро барои талқину тарғиби манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ, яъне “фармоишӣ” ба кор мебаранд.
Далели ҳаққонии чунин амалҳои муғризона дар фаъолияти сомонаи “Бомдод. ком” ё худ собиқ “Ахбор. ком” дида мешавад, ки хабару навидҳои пурра бофтаю аз ҷониби хоҷагони маблағгузорашон суфта паҳн мегардад. Агар ба рафтору гуфтори М. Салимпуру, Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет бо назари воқеӣ бингарем, маълум мегардад, ки амалҳои ононро иблис идора менамояд ё худ хоҷагони фармоишдиҳандаашон шайтонсифатанд. Тарзу усуслҳои баёни воқеа, ваҷоҳату рафтор ва амалҳои дигари нафарони номбурда дар саҳифаҳои сомонаи “Бомдод. ком” ва ғайра гувоҳӣ медиҳад, ки онон ҳатман мебоист аз муоинаи табиби асабшинос ё мутахассиси равоншинос гузашта бошанд. Зеро, ҳарзагӯию бофтасозии онҳо аз идроку ботини солим нест ва танҳо каҷгӯии ҳақиқати ошкоро асту халос. Аз қалами кунду даҳони бадбӯяшон танҳо суханҳою навиштаҳои палидона пайдо мешавад, ки баҳри коҳиш ёфтани тафаккуру маънавиёти ҷомеа ба кор меояд. Беҳуда намегӯянд, ки симои манфур на атои Офаридгор, балки ҳидояти Иблис асту чунин касеро набояд одамӣ хондан!?
Эҳтимол меравад, ки ин нафарони мутеи хоҷагони аҷнабӣ чун духтари номусгумкарда “бераҳа” шудаанду ба ҳирси молу маблағи хоҷагон ғӯтида хислатҳои шайтонӣ ба онҳо одат шудааст. Аз ин лиҳоз, таманно менамоям, ки “одати бадашон балои ҷонашон” бошаду ягон фарди боақлу идрок фирефтаи суханҳои бофтаи ин манфурони шайтонсифат нашаванд. Беҳтараш он аст, ки “хас каму ҷаҳон пок” гӯянду бар зидди ғуломони иблисӣ бо ҳақиқати томи воқеӣ муборизаи беамон баранд!
Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент