Ҳушёру зирак бошем!
Даъвати пайваставу ҳидоятҳои дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии кишвар, хусусан қишри ҷавони ҷомеа ҷиҳати ҳушёриву зиракиисиёсӣ нишонаи дурандешиву хирад, оқиливу масъулияти баланди ватанпарварии ин шахсияти мӯътабар мебошад. Хеле бомаврид аст, ки ҷалби таваҷҷӯҳи оламиён ба даргириҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва пайомадҳои он ҳанӯз беш аз 15 – 20 сол пештар ишора гашта буд ва алҳол исботи худро ёфтааст. Тарки фавронаи нерӯҳои мусаллаҳи давлатҳои абарқудрати ҷаҳон аз хоки Афғонистон боиси васеъ гардидани фаъолияти гурӯҳи “Толибон” шудааст ва аллакай хавфи рахнаи марзи Тоҷикистон аз ҷониби тоифаи гуногуни силоҳбадаст шудааст. Сиёсати пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи дурандешонаи роҳбарияти олии кишвар имконият дода истодааст, ки мамлакатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъона дар ҳифзи сарҳадот бо Афғонистон дастгирии ҳамаҷониба зоҳир намоянд. Аммо, дар ин ҷода, ҳушёриву зиракии сиёсии ҳар як фарди бо нангу номуси кишвар аҳамияти хоса дорад. Зеро, дар вазъияти пуртаҳлукаи баамаломада дар минтақаҳои байнисарҳадӣ водор менамояд, ки ҳар як фарди ватандӯст масъулияти хешро дарк намояд ва тадбирҳои андешидаистодаи роҳбарияти кишварро ҷонибдорӣ намуда дар татбиқи ҳадафҳои он саҳми арзанда гузошта бошад.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Ватани маҳбубамон аксарияти аҳолӣ мавқеи устувори ягонагӣ ва ваҳдати миллиро пеша кардаанд, ки меваи шаҳдбори даврони Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Имрӯзҳо мебояд ба оламиён намоён созем, ки мардуми тамаддунофари Тоҷикистон бо роҳбарияти кишвар ҳамдилу ҳамраъӣ ҳаётанд ва баҳри ҳифзи марзу буми Ватан яктану якҷонад. Вале, дар раванди пурталошуби сиёсӣ баъзе нохалафони дохилию хориҷӣ, хусусан, бо ғояи хоҷагони ифротии хориҷиашон ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ паҳн намуда истодаанд, ки мебояд бар зидди онҳо муқовимати сахт нишон дод. Дар ин ҷода аз фардони ватандӯст ва кулли аҳолии кишвар сарҷамъиву якдилӣ мебояд. Ҳамаи аҳолӣ, новобаста аз вазифаю машғулият вазифадоранд, ки ҳушёру зиракона, якҷоя тадбирҳои амалӣ намуда истодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ карда ба овозаҳою бофтаҳои бардурӯғ фирефта нашаванд, кӯшиш намоянд, ки қишри осебпазири ҷомеа – насли ҷавони камтаҷрибаро ба сӯи созандагӣ ҳидояту равона созанд. Нагузоранд, ки душманони дохилию хориҷӣ байни ҷомеа ихтилофу тафриқаандозӣ кунанду ҷавонони моро гумроҳ созанд.
Имрӯзҳо давраи нозуки исботи худогоҳиву меҳанпарастӣ асту эътимоди қавӣ дорам, ки мардуми кишвар сарҷамъона сиёсати давлати ободу осудаамонро ҷонибдорӣ менамоянд ва мушкилотҳои мавҷударо сарбаланду муваффақона рафъ хоҳанд кард!
М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология