Биё, эй дӯст, бо ҳам меҳрубон бошем
Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баҳри ободии кишвар ҷидду ҷаҳд намуда истодааст. Барои сазовор истиқбол намудани ин санаи муборак бо сарварии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳуриамон сӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ корҳои ободкориву созандагӣ босуръат идома дорад. Иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ бо иштироки бевоситаи роҳбари мамлакат ифтитоҳ ва ба истифода дода шуда истодааст.
Ин навбат низ бо мақсади истиқболи сазовори Истиқлолияти кишвар Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон зимни сафари кории худ ба вилоятиСуғд ташриф оварданд. Зимни сафари худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух вохӯрӣва суханронӣ намуданд. Чӣ тавре, ки худи сарвари мамлакат изҳор доштанд, сафар ва мулоқоти мазкур дар рӯзҳои ҷашни бузурги Наврӯзи байналмиллалӣ ва соли барои Тоҷикистон воқеан таърихӣ, яне сисолагии истиқлоли давлатӣ баргузорӣ мешавад. Таъкид гардид, ки дастоварду пешравиҳое, ки то имрӯз дар ин минтақа ба даст омадааст, ин гувоҳи равшани ҳисси баланди миллӣ ва рӯҳияи ватандории мардуми меҳнатдӯсту сарбаланди шаҳри Исфара мебошад. Исфара аз шаҳрҳои асосии саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо имкониятҳои бузурги истеҳсолии худ дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас дорад.
Дар рафти мулоқот президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи масъалаҳои гуногун ба масъалаи сарҳадӣ давлатӣ таваҷҷӯҳ намуданд. Зеро вақтҳои охир дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои гуногуни интернетӣ дар бораи “иваз намудани деҳоти Ворухи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо заминҳои дигари Бонкенти Ҷумҳурии Қирғизистон”“хабарҳо” оварда шуда, боиси ба миён омадани сару садоҳои зиёде гардидаанд. Ин падида албатта на танҳо сокинони шаҳри Исфара ва деҳаи Ворух, балки тамоми мардуми тоҷикро нигарон карда буд.Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат ба масъалаи мазкур диққат дода, дар суханронии худ таъкид намуданд, ки: “Исфара дар таърихи халқи мо мақому манзалат ва ҷойгоҳи баланд дорад. Шаҳре, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, ба халқи тоҷик хизматҳои бузургро ба иҷро расонидааст, имрӯз низ, яъне дар марҳалаи навини давлатдории миллиамон бояд ҳамон рисолати хешро ба анҷом расонад”.
Иброз дошта шуд, ки шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад, дар мустаҳкамнамоии муносибатҳои дӯстона ва робитаи неки байни ду миллат нақши муҳиму асосӣ дорад. Пайваста ба ин, яке аз масъалаҳои асосӣ барои мардуми шаҳри Исфара, аз ҷумла деҳоти Ворух масъалаи ба расмиятдарории сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то ба имрӯз мулоқотҳои зиёдеро дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ баргузор намудааст.
Аз ҷониби Президенти мамлакат таъкид карда шуд, ки моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ мо бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида будем, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад. Дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд. Зикр гардид, ки аз рӯи инмувофиқа бо ҷониби Қирғизистон аҳдномаи мазкур бояд моҳи майи соли 2016 аз тарафи сарони кишварҳо ба имзо мерасид ва санади мазкур ба расмият дароварда мешуд. Мутаассифона, бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда, то ҳанӯз ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад ба имзо нарасидааст.
Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар ба анҷом расидани расмияти муайян намудани хатти сарҳади давлатӣ байни ду кишвари ҳамсоя - Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад. Зеро бо ба имзо расидани санади мазкур аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ ба расмият дароварда мешавад ва боиси аз байн бардоштани муаммоҳои зиёд бахусус барои сокинони Исфара ва деҳоти Ворух мегардад.
Дар рафти мулоқот Президенти кишвар зикр карданд: “Як нуктаи муҳимми дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад”. Ин таъкиди роҳбари мамлакат барои иштирокдорони мулоқот хеле муҳим буд ва он самимона пазироӣ карда шуд.
Пешвои муаззами мамлакат ба мардуми меҳнатдӯсту шарафманди шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват намуданд, ки бо ҳамсояҳои худ дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд. Дар ҳалли масъалаҳо хеле босабру ботаҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд. Таъкид гардид, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад. Тоҷикистон низ дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад.
Албатта, бозгӯии ин нуктаҳо аз тарафи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти вохӯриашон бо сокинони шаҳри Исфара ва деҳаи Ворух хеле зуруру саривақтӣ буд. Аз як тараф, он агар барои аз байн бардоштани сару садоҳои гуногун гардида бошад, аз ҷониби дигар барои мардуми минтақаи мазкур муҳим буд. Ҳар як фарди ин сарзамин дар дил ташвиши ин масъаларо доштанд, аз қисмати имрӯзу ояндаи хеш ва фарзандон дар андеша буданд. Суханони Сарвари кишвар дили онҳоро бори дигар тақвият бахшида, боз ҳам бо дили пур ба ояндаи нек нигаронида шуданд.
Мутаассифона, рӯзҳои охир дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон вазъият ноором гашт. Дар натиҷаи носозию нофаҳмии мардуми маҳаллии ин минтақа боз ҳам муносибати низоъгӣ ба миён омад, ки то ба ҳадди оташкушоии тарафайн расид. Ин ваъияти баамаломада боиси ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистн гардид. Ин албатта боиси афсӯсу андӯҳ аст. Охир мардуми ин минтақаи сарҳадӣ на як рӯзу ду рӯз бо ҳам ҳамсоя ҳастанд. Таърихи ҳамсоягиву робитаи неки онҳо садсолаҳо вуҷуд дорад. Чӣ аз ҷиҳати робитаҳои иқтисодӣ, чӣ аз ҷиҳати анъанаҳо, урфу одат, расму оин, эътиқод онҳо қаробати таърихӣ доранд ва инро рад карда намешавад.
Хушбахтона, дар натиҷаи гуфтушуниди намояндагони ҳар ду кишвар ин ваъияти нохуш анҷом ёфт. Лекин асари талхи ин падидаи номатлуб барои мардуми ҳар ду кишвар, бахусус, барои мардуми минтақаи сарҳадӣ бояд дарси ибрат гардад. Хеҷ гоҳ масъалаҳо бо роҳи хунӣ ва талафоти ҷонӣ роҳи ҳалли некро ёфта наметавонад. Чӣ тавре ки Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти хеш бо мардуми Исфара иброз доштанд, ин гуна масъалаҳои муҳим на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид бояд ҳаллу фасл гарданд. Таҷрибаи инсоният нишон додааст, ки дар ҳалли ин гуна масъалаҳо роҳи дигари беҳтарин вуҷуд надорад. Биёед ананаи неки аҷдодиро идомадиҳанда бошем, бо ҳамдигар дар робитаи неки дӯстиву ҳамгироӣ, инсондӯстиву меҳрубонӣ қарор дошта бошем. Нагузорем, ки барои наслҳои минбаъда аз мо таърихи нангин боқӣ монад.
З. Ҳасанова - дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа