​Терроризм таҳдид ба инсоният

Дар ҷомеаи имрӯза хатарҳои глобалӣ ва таҳдид ба инсоният бо нақшҳои нави ба ақли инсон намеғунҷидагӣ рӯи кор омада истодааст. Ҳамаи ин гӯйё бо қувваҳои аҳриманӣ идора карда мешавад.Барои ба муқобили қувваи шарр по ниҳодан инсониятро зарур аст,ки тамоми қувваю дониши худро истифода барад.Барои ҳамин имрӯз ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва дигар табодул барои инсоният рафта истодааст.Барои ин донишкадаҳои ҷаҳонӣ тибқи нақшаҳои дурнамо фаъолият карда истодаанд.

Ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид вазъи сиёсиву иқтисодӣ,пайдоиши қувваҳои иртиҷоӣ ва террористӣ дар мамлакатҳои Осиёи Миёна, Африқо ва дигар манотиқи олам таъкидҳои судманд менамояд.Аз ҷумла, дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат оид ба ин вазъ чунин сузанронӣ намуданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон,дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.»

Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯй, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳилаҳои нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидаст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта,барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртаззодэътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирфтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳоест,ки дар Осиёи Миёна ҷойгир буда, бо 4 давлат Ҷумҳурии Ӯзбекистон,Қирғизистон,Хитой ва Афғонистон ҳамсарҳад аст. Агарчӣ байни се давлати дар шарқу ғарб ҳамсарҳад буда тинҷиву оромӣ ҳукмфармо бошад,аммо дар ҷануб давлати Афғонистон ноором, ки ин вазъ боис гардидааст, ки амалҳои ғайриқонунӣ қатлу таҷовуз,парвариш ва тиҷорати маводи мухаддир,одамфурӯшӣ зиёд ба назар мерасад.Бар замми ин аз сарҳади тоҷик бархе аз сокинонаш убур карда,мехоҳанд маводи мухаддирро ба дигар давлатҳо интиқол диҳанд. Тайи 40-сол боз дар давлати ҳамсоя ҷангу хунрезӣ идома дорад.Аҳолии муқими Афғонистон пурра мусулмон буда, миллатҳои гуногун дар он ҷо иқомат менамоянд.Ҷанги мазҳабиву қабилачигӣ то ба ҳол идома дорад. Мардуми тоҷик ба ин аҳволи давлати ҳамсоя бетараф нестанд.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи доир ба вазъ чунин қайд карданд: «Хатарҳои замони муосир,вазъият дар Ховари миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд,ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.»

Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони бо ном «Давлати исломӣ», ки баъзе аз шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд,вазъро боз ҳам ноором намуда,боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад,ба ин масъала бетафовуд буда наметавонад.

Имрӯз ҳар як фарди тоҷик ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми нерӯву малакаи худро барои ободиву зебо гардонидани як гӯшаи Ватани азиз сарф намуда истодааст.

Исмоил Ҷабборов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ