​Ҳангома набояд кард...

Тариқи расонаҳои хабарӣ иттилоъ паҳн гашт, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ мароҷиати фаъолони Ҷумҳурии Қирғизистонро роҷеъ ба низои мусаллаҳонаи ахир дар марзи ин кишвар ба қайд гирифтааст. Дар ин хабар ягон ҳангома ва чизи зиёдатӣ ҷой надорад. Ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки ба суд муроҷиат кунанд ва фаъолони қирғиз ҳам аз чунин ҳуқуқ бархурдоранд ва метавонанд, ки муроҷиат кунанд. Суд ҳам муроҷиатро ба қайд мегирад, ки ин як раванди муқаррарии дафтардорӣ аст ва аз он ҳеч ҳангома сохтан нашояд.

Тоҷикистон ҳаргиз ба ҳудуди ин кишвар ҳамлаи мусаллаҳона раво надида буд ва чун корд ба устухон расид ва кор аз ҳад гузашт, кишвари мо ҷавоби сазовори худро дод. Ногуфта намонад, ки далели оғози ҷанг аз тарафи қирғизҳо ҳазорҳо ададанд.

Ҳомии ҳуқуқ Сания Токтогазиева ва чанд тан аз ҳуқуқшиносону фаъолон ба муроҷиатнома имзо гузоштаанд, ки ин ҳам ҳуқуқ ва кори онҳост. Онҳо аз Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва низомиёни кишвар ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят кардаанд.

Аммо ҳолати ба қайд гирифта шудани муроҷиат маънои онро надорад, ки нисбати Тоҷикистон ягон ҷазо эълон гашта бошад. Тоҷикистон низ ҳуқуқшиносон ва муҳим аз ҳама далелҳои радношаванда дорад, ки он собит мекунад, ки ҷангро кадом ҷониб оғоз кардааст.

Давоми наздик сӣ сол сокинони Тоҷикистон ранҷи ҳамсоягони қирғизро таҳаммул карданд, қурбониёни зиёдро ҳам дидем. Чун дар муддати чандин сол танҳо як маротиба гӯшмоли хубро гирифтанд, ба Суди байналхалқӣ муроҷиат карданд.

Ин кори онҳо мақоли халқии “ҳам ғарию ҳам пешгирӣ”-ро ба хотир меоварад. Вақте ки сухан дар бораи миллат меравад, ҳар кас кӯри худу бинои кас мегардад. Муроҷиаткунандагон ба Суди байналмилалии ҷиноӣ ҳам айнан ҳамин тавр кор кардаанд, айби худро намебинанд ва ҳама гуноҳро ба ҳамсояи худ вогузор кардан мехоҳанд.

Аммо дар ҳама ҳолат ҳақиқат рӯи об мебарояд ва кӣ чӣ карду чӣ ҳаст маълум мегардад.

И.Раҳимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ