​Ҳадафи нопок амалӣ нахоҳад шуд...

Ҷамъият албатта фарогири ҳамаи халқиятҳо, миллатҳо, инсонҳои неку бад, донову нодон ва роҳнамову гумроҳ низ мебошад, ки ҳар кас вобаста ба сатҳи тавоноӣ, маърифат ва ҷаҳонбинии худ ин ё масоилро дарк ва аз рӯи он амал менамояд.

Вобаста ба ин, шахсиятҳо ва гурӯҳу ташкилотҳоеро тариқи шабакаҳои иҷтимоии фейсбук рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, аъзоёни “Гуруҳи 24” дар барномаи мустақими худ бо мардум суҳбати озод гуё карда, давлату миллатро дар ҳама амалҳо гунаҳкор ҳисобида, худро донову ҳамадон ва ҳалли ин ё он мушкилотро осон мешуморанд. Дар ҳоле, ки худ эҳтиёҷ ба тарбияи сиёсию ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва маърифатӣ доранд. Аслан ба ин категорияҳои одамон ашхоси камсавод, гумроҳ, беандеша, фориғболу муфтхӯр ва ниҳоят, хиёнаткорону ҷинояткорон дохил мешаванд. Дар замони муосир, ин гуруҳи одамонро бештар аъзо ва ё ҷонибдорони ҳадафҳои нопокдори ташкилотҳои экстремистиву террористӣ маънидод менамоянд.

Хулоса, метавон гуфт, ки барнома ва мухтасароти ин гуруҳ, ки пур аз андешаҳои ҷузъу заифу бардурӯғ аст заррае ба ҷомеа нафъ нахоҳад расонид ва танҳо рӯи саҳфаи холӣ боқӣ хоҳад монд. Чунки ин навишта ба дурнамои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ манфиате ба бор оварда наметавонад ва ҳатто ягон алоқамандие надорад.

Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеш қарор дорад ва бидуни танқиди беасоси онҳо низ боз пештар хоҳад рафт. Барои муваффақ шудан ба дастовардҳо ҳадафро нек ва дилро равшан нигаҳ дошт. Тоҷикистони азизи мо бо сарвараш дилу нияти пок дорад ва аз Нигаҳдорандаи худ дигар қувваи бузурге надорад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ