Ибрат аз гузаштаву имрӯз
Интихобот унсури асосии ҳаёти сиёсии ҷомеа буда, дар тақдири кишварҳои гуногуни олам нақши ҳалкунанда мебозад. Рушду нумуъ ва ё таназзули ҳар як мамлакат аз ҳокимияти тозаинтихобаш вобастагии калон дорад. Новобаста аз он, ки дар олам як қатор нормаҳои сиёсӣ-ҳуқуқии таъминкунандаи дахлнопазирии кишварҳои мустақил ва соҳибихтиёрии онҳо амал менамояд, марҳилаи интихобот давраи ҳассостарини инкишофи масири сиёсӣ маҳсуб меёбад. Ин раванд барои бартариҷӯён, имконияти мусоидро дар намоишу озмоишииқтидори ҳарбӣ тавассути сарнагун кардани ҳокимияти қонунӣ, оғуштаи оташу хун сохтани кишвари обод, решакан намудани рушди устувор ва ниҳоят ба даст овардани манфиати иқтисодиву геополитикӣ фароҳам меоварад. Дар натиҷа, ҷоҳталабон, бехабарон, бадомафтодагон бар ивази музди ночиз, ки назди Ватан арзише надораду хоинони муфтхӯрро мемонад, иғвоангезии моҳиронаи бошиддатро пеша менамоянд. Сипас, ҷомеа ба ду гурӯҳи зид ҷудо мегардадудӯсту бародар, хоҳару додар, модару писар душмани ҳамдигар, қаттоли якдигар гашта, меҳани азизашонро, ки бо арақи ҷабин бунёд кардаанд, ба доми оташ мекашанд. Оқибати низоъ сарнагунии ҳукумати легитимиву фалаҷсозии пояҳои давлатдорӣ, ятимии ҷигарбандону ашкрезии модарон, гуруснагиву қаҳтӣ ва охирон аз даст додани истиқлолияти комили сиёсӣ аст. Воқеаҳои нангини Сурия ва Украина тақвиятгари гуфтаҳои болову шабеҳи имрӯзаи Белорусия мебошад. Таърих собит намуд, ки дар чунин ҳолатҳо ниҳояти кор пушаймонисту ба ҷуз то фалак бардоштани оҳу афғон дигар чорае нест. Дубора мушарраф гардидан ба ҳаёти осоишта, кишвари соҳибтамаддун, иқтисодиёти устувор имконнопазир аст. Илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ мебояд.
Ҳадаф аз муҳокимаи масъалаи мазкур ҳушдории кулли сокинони кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон аст, то дар марҳилаи тақдирсози кишвар – интихоботи роҳбари давлат зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, бозичаи нокасон нагарданд.
Ҳамватанони азиз, дар сарнавишти кишвар ба ҳукми ақлу хирад амал карданро пеша намоед, фирефтаи хоинону зархаридон нагардед, маводунаворҳои танқидиву тавсифиро ба мизони андеша кашед. Нагузоред, ки нохалафе бар хоки муқаддаси Ватанамон қадам занад. Хиёнат амали нобахшиданист. Хиёнаткори беор шабеҳи рубоҳи маккору гурги хунхор аст. Дар ибтидо, ба назар чунин манамояд, ки ҳаракати Шумо характери осоиштаву адолатхоҳиро дорад, дар асл он роҳкушои ба амалишавии нақшаҳои сиёҳи як гурӯҳ зархаридон аст, ки кишварро ба майдони навбатии муборизаҳои сиёсии абарқудратҳо табдил медиҳанд.
Умед аз он дорем, ки дар такя ба мардуми равшанфикру дурандеш, тадбирписанду закӣ интихоботи шаффофу демократии Тоҷикистон дар фазои орому осоишта баргузор мегардад.
Комилова Зилола
омӯзгори кафедраи
умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ