​Аз нопокон поккорӣ наояд...

М.Кабириву ҳаммаслакони онҳо, ки саркарда ва идомадиҳандаи кору пайкори ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ –наҳзат ба ҳисоб мераванду ба худ номи дигаре насб намуда, созмонашонро “Паймони миллӣ” ном додаанд, ки ба ҳадафу мароми онҳо хеле наздик аст. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ маънои мафҳуми “паймон”-ро аҳд, қавлу қарор, шартнома бастан ва ғайра маънӣ додаанд. Агар кас ба фаъолияту маводҳои манзур намудаи онҳо дар сомонаҳои сиёҳкорашон назар афканад, боварӣ ҳосил мекунад, ки ин нохалафон аҳд бастаанд, ба худ ва созмони худ қавл додаанд, то бо ҳар роҳу восита сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳар амали намояндагони ин миллат сиёҳ намоянду маводе бисозанд ва ҳангомаеро рӯи кор оварда ба мардуми ноогоҳ, алалхусус муҳоҷироне, ки дар хориҷи кишвар кору иқомат доранд, пешкаш медоранду ба гумроҳӣ мебаранд...

Аз минбарҳои сохтаи худ, дар хориҷи кишвар нишаста, ободии Ватанро танқид мекунанду бонги ватандориву ватанхоҳӣ мезананд. Таъкидҳои бардурӯғу сохтаи онҳо дар ҳолати пешниҳоди маводҳои наворӣ, ки гӯиё онҳо хоҳиши бар Ватан баргаштан доранд, Ватанро озоду обод дидан мехоҳанд (махсусан М.Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол) дурӯғи фаҳш буданаш баръало маълум аст. Наҳзатиёни наҳс дар мулки хоҷагони худ бо иҷрои супоришҳои наҳси онҳо овораанду барои ҳар маводи манзур намудаашон ва иҷрои тарҳи кашидаи онҳо маблағи муфде ба даст меоранд, пас чи кор доранд ба халқи тоҷику ободии ин мулк!!!

Мақсад, маром ва ҳадафи наҳзатиён як аст, ки аз он ҳамагон кайҳост огоҳ гардидаанд: баргардонидани бесару сомонӣ ва халалдорсозии ба сиёсати пешгирифтаи давлати тоҷикон....

Вале онҳо ба худ қабул намекунанд, ки ин миллат – он миллате нест, ки 30 сол қабл онҳо бозичаи дасти худ намуда буданд, ин миллат имрӯз Садр дораду кишвари обод!!! Ҳар як шаҳрванди бонангу номус шукронаи ана ҳамин давлату миллат дораду ба ободии ана ҳамин хок мекӯшад!!!!

Шарифзода М. - устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ