​Ҳар як порчаи Ватани азизро муқаддас медонем!

Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, нуфузи геополитикӣ, мақому манзалати хешро афзун намуда истодааст. Дар ин радиф Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамрадиф ва ҳамҷавор муносибати нек дошта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ монда истодааст, ки манфиатбахши ҳар ду ҷониб мебошад.

Аммо вақтҳои охир дар муносибати байни ду давлат-дар сарҳадоти байни Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили муҳими сиёсӣ-ҳудудӣ ба вуҷуд омадааст, ки боиси ташвиш ва таҳдид дар муносибатҳои геополитикии ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамсояро инъикос менамояд. Муаммои зикршуда дар дараҷаи маҳаллӣ аз ҷониби роҳбарони вилоят ва дар сатҳи ҷумҳурӣ аз тарафи сарварони давлатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаи дӯстӣ ва ҳамкории байни ду халқҳо ҳамаҷониба таҳлил гардид. Ҳарчанд сарварони ҳар ду давлат дар вохӯрии дӯстона масоили сарҳадоти кишварҳои ҳамсояро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода бошанд ҳам,он вақтҳои охир ба хеш симои навро касб намуда истодааст.

Дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 4 апрели соли 2021 дар ҷамоати Ворух таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон муносибати хуби дипломатӣ дорад ва масъалаи сарҳадот аллакай ҳаллу фасл гардидааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 7-ум низ ишора шудааст, ки ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир аст. Яъне ҳеҷ ягон қувва ва ё таъсири бегона наметавонад ягонагии марзу буми кишварро тағйир диҳад ва ё вайрон созад. Қонуни асосии давлат халалдоршавии тамомияти арзии давлатро қатъиян манъ намудааст.
Ғайр аз ин, Конститутсия мақомоти давлатии дахлдор, пеш аз ҳама, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки кафолати тамомияти ҳудудии давлатро таъмин намоянд.

Мутобиқи расонаҳо иттилоъ доир масъалаи Ворух паҳн шудааст, ки мувофиқи қонунгузорӣ мувофиқат намекунад.

Ҳар як шаҳрванди бонангу номус аз Ватани хеш ифтихор менамояд ва намегузорад, ки масъалаи сарҳадоти он аз сари нав боиси баҳсу талошҳо гардад. Дар ин ҷода зиёиёни тоҷик ин амалиёти номақбулро ҳамаҷониба маҳкум мекунанд. Аз ҳар як ваҷаби Ватани хеш ифтихор дорем ва намегузорем, ки ягон қувва ва ё ҷониби манфиатдор масъалаи марзу бумро ба манфиати хеш истифода намояд.

Ватан яктост-Тоҷикистон яктост!

Ҷовид Ашуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ