Мубориза бар зидди терроризм ва эктремизим вазифаи ҳар як фарди солим фикр
Ибораи терроризмро борҳо шунидаем, ҳатто дар бораи ин падидаи номатлуб ҳамчун вабои асри 21 мақолаҳо мутоила намудаем. Аммо ба ин нигоҳ накарда зарурияти мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби аср аҳамияти худро гум накардааст. Эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷаҳони муосир таҳлил намуда Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки сабақи талхи таърихи навини тоҷикон ҳар шахсро водор менамоянд, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст додан лозим нест, ватандӯсту ватанпарвар будан зарур аст, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор намуда баҳри пойдор намудани ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодон заҳмат кашидан зарур аст. Ин андешаҳои худро идома бахшида сарвари давлатамон дар Паёми навбатиашон бори дигар таъкид намуданд, ки имрӯз қариб 100 давлати дунё дар ин ё он шакл ба оғӯши ҷангу низоъҳои иҷтимоӣ кашида шудаанд, ки дар нотинҷ гардонидани ҳаёти ин давлатҳо террористон, аз ҷумла ҷонибдорони ДИИШ, Ал –қоида, Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ҳизб-ут-таҳрир” “Ҷамоати таблиғ”, ”Ҳизби террористӣ ва мамнӯъи наҳзати исломи Тоҷикистон” даст доранд. Ба таври фарогир паҳн гаштани ақидаҳои иртиҷоии онҳо собит менамояд, ки дар ҳақақат террорист миллат ва ватан надорад. Муҳимияти дарки ин масъала барои мардуми мо дар он аст, ки баъд аз саркӯб гаштани қувваҳои бунёдгароии исломӣ дар Сурия ва Ироқ, боқимондагони онҳо дар Афғонистону Покистон, дар якчанд давлатҳои Африқо амалҳои террористии худро фаъол намуданд. Ин ҳолат моро дар ҳақиқат водор менамояд, ки ҳамеша зирак бошем, Ҳодисаи моҳи ноябр дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон рух дода ин андешаро боз ҳам қувват мебахшад. Мардуми Тоҷикистон бояд амиқан дарк намоянд, ки ғояҳои бунёдгароён ин мубориза баҳри тозагии ислом, нест балки маънои аслии экстремизм ин ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан аст.
Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.
Имрӯз ҳар як шаҳрванд ва бахусус маорифчиён бояд бо донишҳои зарурии зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористӣ мусаллаҳ буда, малакаи зарурии истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро бо мақсади муқовимат ба зуҳуроти номатлуби экстремизм ва терроризм дошта бошад. Зеро маҳз чунин ҷаҳду талош метавонад ба рушди минбаъдаи ин зуҳурот дар Тоҷикистон монеъ гардида, барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат намуда, ҷиҳати тарбия намудани ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ хизмат намояд.
Сайёра Муминова - устоди донишгоҳ