Симои риёкоронаи ТТЭ ҲНИ

Истиқлолияти миллӣ барои Тоҷикистон воқеан марҳилаи нави таърихӣ ва неъмати бебаҳо аст. Зеро истиқлолият дар зиндагӣ мардуми тоҷик ва ҳам тоҷикистониён саҳифаи тозае барои ояндаи миллату давлат боз гардонид ва ин санаи муборак дар китоби таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.Ҳар касе ҳақиқатан ин миллату ин сарзамини биҳишосои заминро ки бо ном Тоҷикистон аст ба қадри ин неъмати бебаҳои Истиқлолият ва ба қадри ҳар нафаси озод расида шукр мекунад, ки дар ин сарзамин умр ба сар мебаранд. Воқеан ҳар фарди ҷомеа имруз шукргузори аз миллату давлати худ доранд ва истиқлолияти сиёсии онро пос доштаву эҳтиром намуда, чун гавҳараки чашми хеш ҳифз месозанд ва бар зидди нафароне, ки ин оромию сулҳу суботи кишварро вайрон кардани мешаванд пайваста мубориза ҳоҳанд бурд. Зерро мардуми тоҷик пушту паноҳи худро дорад ва ҳар лаҳза Дуои Модарон нигаҳдорандаи милату давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Аммо мутассифона бархе аз амалҳо ва рафтори ҳамватанонро дида дар ҳайрат мемонем, ки ин қадар бар зидди давлати худ туҳматҳои зиёде карда истодаанд ва ҳатто барои сиёҳ намудани миллати худ агар лозим бошад дар сомонаҳои интернети бо паҳн кардани маълумотҳои нодурусти ифротгароёнаи худро ҷой карда истодаанд. Аммо онҳо нафароне буданд, ки дар ҳамин сарзамин калон шудаву обҳои муссаффои Тоҷикистонро нушида боз барои анҷом додани амалҳои муғризонаи худ даст зада истодаан.

Магар ин аз руи одаму одамгарист.Далели ин гуфтаҳо рафтору кирдори ноҷавонмардонаи аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти террористи ва экстремистӣ Ҳизби Назҳати Исломи мебошад, ки дар хориҷ истода мехоҳад, авзои кишварро ноором созад.

Аз ин лиҳоз ҳар фарди ватандору меҳанпарвар ҳушёрию зиракиро на бояд аз даст диҳад. Дар қалби ҷавонон хислатҳои хамидаи инсонпарварона, меҳандӯстона, меҳнатқариниву эътимоди комилро парварем.Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдатӣ миллӣ парчамбардорӣтаърихии куҳани халқи тоҷик бошем.Зеро бо шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имруз садҳо иншооти хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба соҳаи кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшиданд, роҳу пулҳо бунёд карда, кишварро аз бунбасти каомуникатсионӣ раҳоӣ бахшиданд, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шабонарузи кор карданд, ҳамчунин барои таъмин намудани шаҳрвандони кишвар бо ҷойҳои нави кори ҳадфи чаҳорумини худроҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноантикунони босурати кишвар барои солҳои 2018-2030 қабул намуд, ки ин иқдоми дастпарваронаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бар доштани шарту шароити иҷтимои мардуми шарифи Тоҷикисон мебошад.

Азин лиҳоз ҳар фарди кишварро мебосит пайваста ҳушёр бошанд ва нагузоранд гуруҳҳои нохалафе, ки мехоҳанд ҷомеаи моро ноорому валангор созанд ворид гардида боз бар сари миллати тоҷик абри сиёҳро ҷамъ оварда бошанд. Зеро захмҳое, ки дар қалби ҳар ҷавон ва ҳар пиру барони кишвар солҳои 90-ум аз сар гузаронидааст, ки аз дасти ҷоҳилони миллат бо роҳбари хоҷаони ҲНИ шуда гузаштааст фаромуш нагарддааст.

Ҷураев Манучеҳр муаллими кафедраи умумидоншгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ