Масъалаи ҳалли сарҳадҳо – талаботи замон
Пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар байни бештари кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна масъалаҳои номуайянӣ дар низоми сарҳади давлатӣ ба миён омаданд. Аз ҷумла, дар қисмати шимолии Тоҷикистон номуайянии сарҳад боиси муноқишаҳои маҳаллҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон шуда, баъзан ба низоъҳои байнидавлатӣ табдил ёфта истодааст. Аз ҷумла, ҳодисаҳои чанд рўз қабл рухдода нишон медиҳад, ки сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон метавонад, нуқтаи даргири ҷангҳои минтақавӣ шуда, сарчашмаи барангезии низои байнимиллӣ ва пайдоиши омилҳои экстремистиву террористӣ гардад.
Чӣ тавре ки аз расонаҳои Ҷумҳурии Қирғизистон бармеояд ҷумҳурии ҳамсоя ҳодисаи рухдодаро фақат яктарафа баҳогузорӣ карда, дар расонаҳои интернетӣ кишвари моро ҳамчун давлати ҳамлагар муаррифӣ карда истодаанд.
Ҳол он ки ин ҳодисаи рухдода решаҳои амиқи таърихиву иҷтимоӣ доранд, ки онро аз назар истисно кардаанд.
Низоъ дар ҷои хушку холӣ ба миён наомада, он пеш аз ҳама ба қонеъ нашудани талабот вобастагӣ дорад.
Барои ҳалли низои ба миён омада аз назари мо хубтар мебуд чунин усулҳоро мавриди амал қарор дод:
Усули «муттаҳидсозӣ» - яъне мўътақидсозии аъзоёни ҳар ду тараф, ки фикру ақидаҳояшон ягона асту масъалаҳои ба миёномада ҳалшаванда мебошад. Ин усулро аз рўи мафҳумҳои «мо ҳама ягона ҳастем», «мо ҳама як миллат ҳастем», «як дину як мазҳаб дорем» ва ғайра амалӣ месозанд. Дар усули мазкур бештар нақши васоити ахбори омма нақши муҳимро мебозад.
Усули «ҳалли фаврӣ» масъалаҳои низоъ дар муддатҳои кўтоҳтарин ҳал карда мешавад. Дар вақти кўтоҳтарин масъалаҳое ки барои ҳалли онҳо шароити мусоид вуҷуд дошта ба ҳамақидагиву розигии ҳар ду тараф заминагузорӣ мекунад, мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Усули «мусолиҳа» тарафҳои муқобил ҳолати миёнаи ҳалли масъалаҳоро мегузоранд. Ин усул тақозо мекунад, ки бо роҳи музокира вазъияти воқеӣ ба ҳар ду тараф мувофиқ ҳал карда шавад.
Усули «ҳамкорӣ» тарафҳои муқобил мекўшанд, ки ҳарчӣ зудтару хубтар масъалаҳои низоиро дар якҷоягӣ бе поймоли ҳуқуқи ҳамдигар ҳал намоянд. Дар ин маврид масъалаи ҳалшаванда дар се шакл метавонад, ҳалли худро ёбад:
- ягонагии манфиати тарафҳои муқобил;
- истифодаи қонун дар асоси мусолиҳаи ду тараф;
- ўҳдадориҳои тарафҳои муқобил пас аз мусолиҳа.
Абдулатипов У.Ҳ. - дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа