​Иттифоқу иттиҳодему Ваҳдатро дорем!

Ташаккули ватанпарастӣ, ки аз муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои халқ ва давлат, хизмат ба мақсаду вазифаҳои онҳо иборат аст, масъалаи муҳими замони имрўза мебошад. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи шахсони бомаърифат, ки дониши чуқур, ҷаҳонбинии васеъ, ҳисси ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ доранд, вогузор аст.

Ҷамъияти бомаърифат ва аз ҷиҳати ғоявӣ бой ин кафили рушду нумўи он, нигаҳдошт ва афзуннамоии мероси миллӣ, арзишҳои ватанпарастии миллат мебошад. Ҳалқе, ки ҳазорсолаҳо дорои маданияти бой буд, намегузорад, ки насли наврас аз илми пешқадами муосир, анъанаҳои ватанпарастӣ, арзишҳои маданияти миллӣ ва умумиҷаҳонӣ, техника ва технологияҳои нав бархурдор набошад.

Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт, дарёфти тамаддуну фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард. Баҳри инкишофи бемайлони ҷомеа, бунёди сиёсӣ, истеҳкоми давлати демокративу соҳибистиқлол, дунявӣ ва заминаи қавии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавии умумибашарӣ ҳатмианд.

Дар ин росто, ҳар фарди ватандорро мебояд, ки бар ҳимояи марзу буми Ватани аҷдоди сипари боэътимод бошему нагузорем, ки нохалафе, бегонае, аҷнабие бар ин хок хиёнате бикунад.

Аз самти шимолӣ сарзамини офтобӣ 984 км бо давлати Қирғизистон ва 1400 км бо давлатии исломии Афғонистон ҳамсарҳад асту ҳамсоягӣ мекунад. Албатта ин марзро, ки агар ҳимоя накунему ҳамсояамон ба хоку замини мо меҳмони нохонда гардида, соҳибмулк гарданд, нигарему нишинем? Ҳаргиз! Мо ҳеҷ вақт мушоҳидакор набудем, ҳамеша дар ҳифзи Ватан содиқ!

Бале, Тоҷикистон имрӯз озод аст, вале хатар ҳамеша таҳдид мекунад, агар онро ҳимоят накунем, азизу муқаддас напиндорем, таърих моро намебахшад. Баҳри ин рисолат мо бояд иттифоқиву иттиҳодиро аз даст надода, вахдату ифтихори миллиро ба даст орем! Идеали ваҳдати миллии моро ҳифзи Ватан – Тоҷикистони азиз ва ободию шукуфоии он, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳаду хоҳад дод!

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ