Низоҳои беасос байни ду давлат
Тоҷикистон ва Қирғизистон бо мақсади ҳалли пешбурди масъалаҳои аввалиндараҷа ва мустаҳкамии минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, асоси мавқеи устувор – оид ба баррасии маҷмўи масъалаҳои ҳамаҷониба таъсис додаанд.
Бояд қайд намуд, ки таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон доир ба баррасии маҷмуи масъалаҳои дуҷониба, мунтазам ташкил кардани ҷаласаҳои он ба истилоҳ пуле барои ба сатҳи нав тараққӣ додани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон гардидааст.
Дар умум муносибатҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон шароити рушди мустақил, саъю кушиши муштарак ҷиҳати роҳандозии алоқаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ ба назар расида, дар он руҳияи эътимоди мутақобил, муносибатҳои нек бо якдигар ҷой дорад. Афзалиятҳои алоқаҳои давлатдории ду кишвар дар зимни вазифаҳои умумӣ, ба монанди мақомоти манфиатдорӣ он аз таҳаммулпазирии миллӣ ва оини дӯстиву ҳамсоядорӣ сулҳу субот дар кишвар, мусоидат ба рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ аён мегарданд.
Пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон заминаи ҳуқуқии мустаҳкамро барои таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи минбаъдаи ҳарду кишвар фароҳам овард, аммо баъзе нафароне, ки давлати худро дӯст намедоранд, манфиатҳои нопоки худро ба пеш гузошта, низоҳои беасосу беадл барпо намуданд.
Дар низоъи охир, ки бо иғвои мардуми қирғиз сар зад, мо ҷонибдори сулҳ ҳастем, аммо онҳо бо сангпартоӣ ва захмӣ намудани мардум идома доданд. Дар ин баробар мардуми тоҷик ва сарҳадбонони тоҷик барои дифои худ, марзу бум ва амнияти сокинони назди сарҳадӣ саъю кӯшиш намуданд.
Мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ хоҳони низоъ набуданд, айни ҳол низ мехоҳанд, ки ин рафтору кирдорҳои номатлуб бо зудӣ барҳам хӯрда шавад. Хоҳони онем, ки ду давлат чун пештара ҳамкориҳои дӯстиро боз ҳам мустаҳкам намуда, он кинаю адоватро аз байн гирифта, дӯстию ҳамсоядориро пойдор намоянд.
Умаров Машариф