​Партави некӣ нагирад ҳар кӣ бунёдаш бад аст...

Хиёнат ба давлату миллат, носипосӣ ба обу хоки ин сарзамин бадрафторӣ, ҷоҳилию нотавонбинӣ ва амалҳои баду зиёновари баъзе нафарон метавонад раванди шукуфоиву пешрафт ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишварро халалдор созад. Тайи чанд соли охир зуҳуроти басо ташвишовар ва номатлубе пайдо шудааст, ки ин шомил шудани баъзе ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва равияву ҷараёнҳои хусусияти террористиву экстримистидошта, мебошад. Чунин равияву гурӯҳҳои тундрав, ҷавонони гумроҳро ба доми хеш кашида, сӯи торикӣ ва бераҳмию ҷаҳолат мебаранд ва барои амалӣ кардани ҳадафҳои ҷиноии хеш мавриди истифода қарор медиҳанд. Боиси таассуф аст, ки ҷавононро гурӯҳҳои ифротгаро бо ваъдаи маблағҳои ночизе, ки ба ивази ҷони онҳо дода мешавад, гумроҳ менамоянд.

Имрӯзҳо ифротгароёни халқи тоҷик садои шағолмонанди худро аз манотиқи гуногуни дунё бароварда истодаанд. Гарчанде, ки онҳо дар мамлакати мо қарор надоранд, бо вуҷуди ин, онҳо аз берун зарари худро расониданианд. Яке аз душманони давлати Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Садриддин аз берун истода заҳри худро ба мардуми тоҷик ранги мори афъи мечошад, ки аз амалҳои маккоронаи ӯ кулли мардум ва мақомотҳои дахлдор бохабар аст.

Ҳар нафаре, ки боре чеҳраи Садриддинов Муҳаммадиқболро зимни пахши «хабарҳо»-яш дар сомонаи интернет дида бошад, эҳсос кардааст, ки пушти ин заҳрханди ҳамешагии чоплусона чӣ махлуқе пинҳон аст. Оне, ки бо намои бетағйир ҳар ҳодисаву воқеаи кӯчаки дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастаро ба риштаи танқид мекашад, кист? Чӣ гузаштае дошт? Садриддинов Муҳаммадиқбол писари яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолони ТЭТ ҲНИ Садриддинов Қаландар мебошад, ӯ бо ҳидоятҳои падар Муҳаммадиқбол солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсилоти ифротгароӣ гирифта, аз шогирдони муваффақи як пойгоҳи таълимоти экстремистию ифротгароии ин кишвар гардидааст.

Партави некӣ нагирад ҳар кӣ бунёдаш бад аст,

Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст.

Ин ҷинояткорон бо амалӣ кардани мақсади ҷиноии хеш мехостанд вазъи орому осоиштаи кишвари азизамонро халалдор намоянд ва бо рӯҳи бегонапарастӣ ва маблағгузории аҷнабиён ба миллату Ватани худ хиёнат кунанд.

Имруз моро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиву зирракиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии замони муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ