Бетамизиҳои Кабирӣ аз сухан пайдо шавад....
Чуноне, ки мо тариқи расонаҳои интернетӣ огаҳи дорем М. Кабирӣ бо ақидаҳои иғвоангезаш мехоҳад ҳамагонро сарнагун созаду бо истифода аздину мазҳаб мафкураи мардумро вайрон намояд. Ҳарчанд, ки Кабирӣ худро доною тавон мегирад, магар ӯ намедонад, ки “ мӯъмин бародари мӯъмин; моли мӯъмин хуни мӯъмин; бабародарат чиро раво дорӣ аввал ба худат раво дор; изои бандаи мӯъмин ҳаром аст” ва ғайраву ҳоказоҳои дигар. Агар ба ин ақидаҳо чуқур сарфаҳм равему бо дилу ақли одамӣ фикр кунем он як ҷаҳон маънӣ дорад, ки соатҳо метавон ҳарф зад.
М. Кабирӣ сӯистифода аз исломидониву вазифааш худро ҳамадон гирифта бо заҳматҳои беасосаш соҳиби тахт шуданӣ, ки ин ғайриимкон аст.
М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони вай дониста бошад, ки “наздики Худованд бади нест фаромуш”. Ҳар як баромадҳои иғвоангезонаи вай ки дар шабакаҳои интернетӣ мекунад, хушкухолӣ буда, тираш ба манзил намерасад.
Зеро мо мардуми тоҷик иродаи қавии Раҳмонӣ дорем ва намегузорем, ки душманони миллат хоре ба пои мо зананд.
Бетамизиҳои Кабирӣ аз сухан пайдо шавад
Пистаи бемағз агар лаб во кунад расфо шавад.
Мо ҷомеаи омӯзгорон тарафдори онем, ки доимо дар Тоҷикистон парчами сулҳу ваҳдат парафшон ва сарҷамъии мардуми босаодат пойдор бошад. Мо ҳаргиз намегузорем, ки собиқ раиси ташкилоти террористӣ Кабирӣ ба сарзамини осоиштаи мо халал расонад ва давлатро бесару сомон намояд. Худокунад, ки дар ӯ ғурури инсони раҳму шавқат, худотарсӣ, виҷдони пок, ваҳдати миллӣ, маърифати пок, таҳкими сулҳу ваҳдат пайдо гардад. Давлати худро, хоки ватанро, тоҷик буданашро эҳтиром намояд. Шукронаион кунад, ки чунин сарвари поку маърифатпарвар дорем ва дар давлати орому осоишта умр ба сар мебарем.
Биоишаи Назар