​Изҳорот: То шамол нашавад шохи дарахт намеҷунбад

Чуноне, ки тариқи сомонаҳо огаҳи дорем чанде пеш хоини миллат рақами №1 пешвоёни Ҳизби наҳзати ислом ва лагандбардорони хоҷагони хориҷӣ Муҳиддин Кабирӣ дар мусоҳибаи худ бо хабарнигори “ Паём –тв” иброз дошт, ки сабабгор ва ташкилкунандагони эътирозе, ки рӯзи 21 март дар назар аст, ҳизби наҳзати ислом нест. Балки он аз ҷониби мардуме, ки мехоҳанд эътирозашонро баён намоянд ташкил карда мешавад. Қайд кардааст Муҳиддин Кабирӣ, ки ин гапҳо сад дар сад дурӯғ мебошанд. Дар урфиятмегӯянд, ки “то шамол нашавад шохи дарахт намеҷунбад”. Кабири аз куҷо медонад, ки рӯзи 21 эътироз мешавад, барои чи мешавад, ки вайро ташкил карданист? Ва бо кадом сабаб мешавад. Аз афташ онҳо пешки пеши роҳи худро тоза кардани ҳастанд. Ин васвасаҳо бардурӯғ ҳастанд. Кабирии хоин боз мардумро ба таҳлука оварда ба онҳо ҳисси тарсу ҳарос ва нафратро ҷо карданист. Зеро вай бисён фиребгару найрангбоз аст. Вале ин дафъа ҳиллаи вай кор намегирад. Ба фикрам вай фаромӯш кардааст, ки мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем на дар асри 20, мардум ҳушёру зираканд ва хубу бад сиёҳу сафедро аз ту ҳам хубтар фарқ карда метавонанд. Кабирии хоин фақат гап мезанаду миллати мо, ҳокимияти моро паст мезанад бехабар аз он, ки худаш зодаи ин сарзамин асту шири сафеди модари тоҷикро хурдаасту ба воя расидааст. Заҳрат шавад шири модарат, ки ҳатто ба ҷанозааш, ҳам наомадӣ.

Ту ҳатто ба нӯги нохуни сарвари мо намеарзӣ ва мардум туро намеписанданд ва намехоҳанд. Магар ту корхонаҳоро бунёд кардаӣ? Магар ту роҳҳоро обод кардаӣ? Магар ту Роғунро сохтаи? Магар ту гурезагонро сарҷамъ намудаи? Магар ту дасти ятимонро гирифтаи? Магар ту ҳастӣ сабабгори хандаи кӯдакон? Ҳаргиз не. Ту ягон хислати нек надорӣ ва барои беҳбудии мардум ягон кори нек накардаӣ. Ту ягон кор ва ягон амали нек надорӣ, ки мардум туро бо боми нек ёд кунанд. Балки баръаксҳамагон ба ту нафрат доранд.

Заҳр бодо шири модар бар касе, к-ӯ Ватани худро гум кардааст.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ