Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир
Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.
Терроризм аз нуқтаи назари сиёсат ва ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмон бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гуруҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад. Чи тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд.
Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.
Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳакикат гузашта, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Бинобар ин мо - шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст ва намегузорад, ки Тоҷикистони гул-гулшукуфони хешро ба харобазор табдил созад.
Абдуқаҳҳор Расулов