Бори каҷ то манзил намерасад …
Бо тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» мо ба чунин хулоса омадем, ки солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.
Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.
Бовари дорем, ки, чунин филмҳои ҳуҷҷатӣ барои пешгирии ҷавонон аз интихоби роҳи нодуруст, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳарзаҳои Муҳаммадиқболро гўш ва ё пайравӣ мекунанд, мадад мерасонад.
Саргузашти Муҳаммадиқболи Садриддин нисбат ба ў дар ҳар як шахси ватандўст танҳоҳисси нафрат ба ҷанг, нафрат ба хоинон ва нафрат ба кулли ононе, ки оташи ҷангро дар Тоҷикистон фурўзон карданианд пайдо менамояд.
Муҳаммадиқбол барин хоинони ватан бояд донанд, ки бори каҷ то ба манзил намерасад.
Акбар Назаров – устоди МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»