Изҳорот: Душмани орад ба мардум рӯзи сахт
Муноқишаи гурӯҳи террористию экстримистии ҳаракати “Толибон”, ки таърихӣ 40 сола дораду ба сарзамини мо ҳамла овардааст амалҳои ғайриинсонӣ буда, оқибаташ ранҷу шиканҷа мебошад. Ва ҳатто кӯдаки хурдсол инро дарк мекунаду он нафароне, ки дасташон олудаи хуни ноҳақи фарзандони одам гаштааст инро намефаҳманд. Ин ҳаракат бо истифода аз ҳадисҳои Қуръони Карим, ки моро ба роҳи рост ҳидоят мекунад истифода бурда ҷавононро ба раҳгумзанӣ бурда шомили гурӯҳи худ кардаанду, ҳамчун ваҳшиёна бо онҳо муносибат мекунанд ва маҷбуран яроқ ба дасташон дода ба ҷанг омода месозанд, гӯё, ки онҳо ҳақ астанд. Магар дар дини мубини ислом одамкуши кори савоб аст? Ҳаргиз на.
Ҳамагон медонанд, ки ҳаракати “Толибон” дар қатори ташкилоти “Давлати исломӣ”, “Ал-қоида” ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом дар як сафанд ва азравияҳои кӯҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз ҷониби Ҳасан-Ал-банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии “Ихвон-ул-муслимин” ё худ “ҷомеаи бародари исломӣ” маншаъ мегиранд.
Он ҳуҷумҳои ваҳшиёнае, ки аз ҷониби ҳаракати “Толибон” дар деҳаи Бадахшонрух додааст ҷони чандин нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатиро бурд, ки басо аламовар аст. Баҳри ободиву осудаҳолии мо онҳо мардонавор ҷон фидо карданд. Худ қазоват кунед дар асари ин ҷанги бадбахтон чандин оилаҳо бе сарпаноҳу бепарастор монданд. Магар ин аз рӯи хулқи одамгарист?
Шукронаи обу обдони кунед, шукронаи сарзамини биҳиштосо кунед ва ба қадри ҳар як лаҳзаи умри Худодода бирасед ва қадр кунед “Толибони” бенангу номус!
Биоишаи Назар–устоди донишгоҳ