Мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар яки мост
Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беназмӣ, беадолатӣ ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд. Яке аз сабабҳои ба гурўҳҳои ифротию тундгароии исломӣ пайвастани ҷавонони тоҷик ба омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бекорӣ фақр ва корупсия вобаста мебошад. Дигар омилҳое, ки ҷавонони тоҷикро тўъмаи гурўҳҳои ифротию тундгарои исломӣ мегардонад, ин дурр будани ҷавонон аз маърифати исломӣ, суннатӣ, инчунин таблиѓоти шадиди гурўҳҳои ифротӣ таввссути васоити ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетист,ки ин таблиғот муқобили арзишҳои маънавӣ ва динии мардум нигаронида шудааст.Дар ин ҷо таълиму тарбияи дурусти динии ҷавононродар айёми наврасӣ дуруст ба роҳ мондан муҳим аст. Агар дар ҳамин давраи наврасӣ маълумоти дурусти динӣ дода нашавад эътиқодифарзандон имкон дорад ноқис монад. Имрўз мутаассифона аксари ҷавононе, ки бо гурўҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи зарурӣ надоранд ва ин гурўҳтҳо бо истифода аз бесаводию тангназарӣ чунин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси гумроҳии онон мегарданд. Сабаби дигари ба ин гурўҳи ифротӣ дохил шудани ҷавонон дар он аст, ки фаҳмиши нодурусти озодӣ,демократия боиси он гардид,ки ба амалҳои ношоиста, ба ҷиноят даст задани ҷавонон ба доми фиреби фарҳангудинҳои сохтаву бегона кашида мешаванд.
Сарвари давлат дуруст таъкид кардаанд,ки «Мо бояд ҷавонон чунини шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем,ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд,илму донишҳои муосирро аз худ кунанд,касбу ҳунарҳои замонавиро омўзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд»
Давлати Тоҷикистони баҳри тарбияи ҷавонон ҳар чӣ бештар имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муаассисаҳои таълимии кишвар ва хориҷ таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ бошанд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатро дастгирӣ намуда, пайваста ба сулҳу суботи кишвар барои пешрафти саҳмгузор бошем ва нагузорем , ки ягон мухолифе давлати моро халалдор намояд.
Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдуҷабборова Р.А