Партави некон нагирад, ҳар кӣ бунёдаш бад аст...
Миллати тоҷик аз қадим бо далерию шуҷоатмандии фарзандони қаҳрамонаш, ки дар тӯли таърих бар зидди истилогарони аҷнабӣ мубориза бурда, Ватанро ҳифз намудаанд, мефахрад. Корнамоиҳои Темурмалик, Шераку Спитамен, Деваштичу Восеъ ва дигар абармардони тоҷик то ҳанӯз фаромӯш нашуда, наслҳои имрӯзаи халқи мо аз онҳо ибрат мегиранд.
Дар баробари он тӯли таърих хоинон ва ватанфурӯшоне низ буданд, ки бо амалҳои нангинашон аз дохил шикасти муборизаи миллати тоҷикро дар муқобили душманони ғосиб фароҳам меоварданд. Новобаста аз ҳаракатҳои собиқ ТЭТ ҲНи итминон дорем, ки ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бе бозгашт буда, халқи мо бо азму талошҳои Ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеи геополитикӣ ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад.
Мутаассифона, дар рӯзгори мо низ хоинон ва ватанфурӯшоне вуҷуд доранд, ки довталабона муқаддасоту арзишҳои миллиро зери по мегузоранд ва омодаанд ба сафи душманон пайваста, ба муқобили Ватан, миллат, оила ва хешу табори худ мубориза баранд
Хиёнат ба Ватан — хиёнат ба миллат, арзишҳои миллӣ, давлат ва умуман, инсонӣ мебошад. Муҳиддин Кабирӣ ва ӯ барин хиёнаткоронро таърихи тамаддуни миллӣ ва инсонӣ зиёд дидааст ва онҳо дар пешгоҳи таърихи навин ҷавоб хоҳанд гуфт. Амали ӯ бори дигар собит сохт, ки хоин ва террористу ифротгаро Ватан, миллат, давлат ва дар маҷмӯъ, инсоният надорад, ҳамеша дар банди дигарон аст, ғулому бардаи ақида, афкор, суннат ва оини бегонагон мебошад. Ин аст, ки тафаккури ин гуна инсонҳо тафаккури мусаллатшуда, бунбастӣ ва орӣ аз ҳувияти миллӣ, инсонӣ ва отифӣ буда, танҳо дар доираи маҳдуди хурофоту таассуби динӣ ҷавлон мезанад ва миёни арзишҳои башарӣ заррае арзиш надорад.
Бозичаи дасти дигарон аст Кабирӣ,
Овораву сарсони ҷаҳон аст Кабирӣ,
Хоини Ватан модару яғмогари хоку фарр,
Ғайбатгару бешарму ҳаё аст Кабирӣ.
Саҳми арзанда ва хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоати қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад. Ва имрӯз он дассисабозиҳои хоинони миллат, ки нисбати халқи мо мекунанд, ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд.
Азизбек Фазлидинов